Имрон Хон, Раисӣ ва Мирзиёев ҳам ба Душанбе омаданд

Shared to Facebook

Сарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи 16 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад.

Сафари расмии Имрон Хон ба Тоҷикистон бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, вай дар чорчӯби ин сафар дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунанд.

Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Рӯзи гузашта бо даъвати расмии Президентии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Душанбе омад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки дар ҷараёни сафари расмии Раисӣ ба Тоҷикистон мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар буда, ҳамчунин, бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ имзо мешаванд.

Президенти Эрон имрӯз, 17 сентябр, ҳамчун сарвари давлати нозир дар СҲШ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмон иштирок мекунад. Дар назар аст, ки аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви Созмон дар бораи оғози раванди қабули Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ қарор қабул кунанд.

16 сентябр Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба Душанбе омад. Вай дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, иштирок мекунад.