Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор гардад:
“Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъин карда шавад”, — омадааст дар қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 6 август дар ҷаласаи дуюми якҷояи палатаҳои парламенти ҷумҳурӣ қабул гардид.
Ҳамакнун аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе метавонанд ба пешбарии номзадҳои худ ба мансаби президенти Тоҷикистон оғоз кунанд.
Интихоботи гузаштаи президенти Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузор шуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ ин интихоботи шашуми президентӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон, ки Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистонро сарварӣ мекунад, он замон 83,9{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} (беш аз 3 миллион) овозҳоро бо иштироки зиёда аз 86,6{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} интихобкунандагон ба даст оварда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Дар сабқати интихоботӣ он замон боз панҷ номзад — Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунистӣ, Талиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалистӣ ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд, ки ҳар кадомашон аз 1{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} то 5{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} овоз гирифтанд.
Зимнан, номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни конститутсионӣ ба қайд гирифта шудаанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар анҷуманҳо, конференсияҳои онҳо мувофиқи оинномаашон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешбарӣ карда мешаванд.
Аз тарафи ҳар яки онҳо фақат як нафар номзад ба мансаби Президент пешбарӣ шуда метавонад. Қарор дар бораи пешбарии номзад ба мансаби Президент бо аксарияти овози шумораи умумии вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин дар анҷуман ё конференсияҳои ҳизби сиёсӣ қабул карда мешавад. Дар баробари ин, номзади ба мансаби Президент пешбаришуда бояд имзои панҷ фоизи шумораи умумии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, ба тарафдории худ ҷамъ оварад.