Интихобот — мизони сиёсат ва рақобат. Панҷ омиле, ки собит мекунанд, замони интихоботи октябрӣ мусоид аст

Shared to Facebook

Инак, аъзо ва вакилони палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуданд. Ин тасмим дар шабакаҳои иҷитимоӣ аз ҷониби бо ном мухолифин баҳси доманадор ба вуҷуд овард.

Чун ҳолатҳои қаблӣ (ҳадди ақал, се интихоботи пешина) раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зойиров аз ҳама пеш вокуниш нишон дода, гуфт, гӯё қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Ӯ дар дар саҳифаи фейсбукияш наившт, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, “яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад”.

Ба думболи ин иддао, муовини Раҳматулло Зоиров — Шокирҷон Ҳакимов низ “дилсӯзона” насиҳат кард, ки “моҳияти эроди Раҳматулло Зойиров дар он аст, ки бо дар назардошти тақрибан ба як моҳ пеш таъйин кардани замони баргузории интихобот ниҳодҳои марбутаи ваколатдори давлат ва ғайридавлатӣ бо таъсиси комиссияҳои интихоботӣ, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, ҷамъ кардани маблағ ва муҳаё намудани заминаи эҳтимолии иҷтимоӣ ва ҷамъоварии имзо машғул бояд шаванд. Аз ин рӯ, вақте як моҳ пеш замони баргузории интихоботро таъйин карданд, анҷоми чунин корҳо низ ба як моҳ пеш гузаронида шавад, ки ин чиз на танҳо нерӯи зеҳнӣ, балки омилҳои инсонӣ ва дигар хароҷоти молиявӣ ва дигарҳоро дар назар дорад”.

Ҳамдигарро “рӯпӯш кардан”-и ин ду сиёсатмадор усули доимии дастгирии ҳамдигарии онҳост. Дар асл, ба назари инҷониб, 25 рӯз пештар баргузор кардани интихобот “фалокати сиёсӣ” нест. Чанд мисол: Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо хароҷоти ҳудуди 15 миллиард доллар вақти Бозиҳои олимпи “Токио-2020”-ро ба иллати пандемия ба як сол тамдид намуд. Бино ба омори гуногун, то ҳол беш аз 130 чорабиниҳои ҷаҳони бошукуҳ, аз ҷумла маросими тақдими ҷоизаи “Оскар”, “Тефф”, “БАтфа”, мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонии 27 намуди варзиш ба таъхир афтоданд. Бузургтарин ҳамоишҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳонӣ низ ё ба вақти дигар гузаронида шуданд, ё маҷбуран аз тариқи онлайн гузаронида мешаванд.

Баргузории интихобот пеш аз муҳлат падидаи мусбӣ аст. 20-25 сол қабл шояд ин ба “вакуум”-ум беҳокимиятӣ оварда мерасонд. Аммо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, дар сурати набудани салоҳияти президентӣ сарварии Пешвои миллат ба ҷумҳурӣ имконпазир аст.

Акнун 5 омили моҳияти ин тасмимро шарҳ медиҳем:

1. Тибқи пешгӯи СҶТ ва марказҳои тиббии имунобиологии Британия, Франсия, ИМА ва Русия, мавҷи дуюми пандемия аз даҳаи сеюми моҳи октябр бо фарорасии мавҷи хунуки Қутби шимол, пастшавии ҳарорати ҳаво ва афзоиши намнокӣ дар минтиқаҳои иқлими тропикӣ ва нимтропикӣ хуруҷ мекунад. Муовини раси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода ба таври илмӣ ва амалӣ собит менамояд, ки “шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст. Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад”.

2. Дар таҷрибаи кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ моҳи октябр вақти мусоид барои таҳрири планҳо, тарҳи будҷаҳо ва пешгӯии макроиқтисодии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамзамон ду моҳи ояндаи солро хеле осон ва дақиқ пешгӯӣ намудан имконпазир аст.

3. Имрӯз технологияи пешрафтаи электронӣ ва алоқаи мобилӣ имкон медиҳад, ки чорабиниҳои бошукуҳи сиёсӣ, фарҳангӣ ба ҷалби оммаи васеъ бо усули фосилавӣ доир шаванд. Мумкин аст, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботии имсола чорабинҳои онлайн, мулоқотҳо, робитаҳо, муколамаҳо ва баромадҳои фосилавӣ баргузор шаванд. Ин имконот вақти зиёдро талаб намекунад. Дар шароити пандемия Олмон, Фаронса, Русия, ҳайатҳои 7-гонаву 20-гона, ҳамоишҳои Иттиҳоди Аврупо дар шакли фосилавӣ сурат гирифтанд. Аз ин таҷриба бояд ситодҳои довталабон васеъ истифода намуда, аз нарасидани вақт гила накунанд.

4. Аслан, дар маъракаи пешазинтихоботӣ барои омодагӣ ва муаррифии довталабон вақт сарф мешавад. Имони комил дорам, ки дар 50 соли оянда низ мо алтернативаи дигар надорем. Дақиқ медонам, ки агар нафаре ношинохта номзад пешбарӣ шавад, барои интихобкунандагон 5-6 моҳ вақт зарур мешавад, ки ҳадди ақал, ӯро шиносад. Вале Пешвои миллат, ки яке аз номзадҳои имконотӣ мебошад, барои тамоми дунё муаррифӣ гардидааст. Ё дар сурати аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод ва дастгирӣ ёфтани шахси дигар низ барои шинохту муарррифии он вақти зиёд сарф намешавад.

5. Илми нуҷум низ моҳи октябрро замони осоиштагӣ ва фаровонии ризқу рӯзӣ далолат мекунад. Дар ин моҳ табиату муҳит, олами зинда, ситорагону сайёрагон низ дар баробарӣ ё мизони мутавосит қарор доранд. Табиби мардумӣ, гиёҳшинос ва муаррихи қарни 19 Шоҳзодамуҳаммади Бадахшонӣ зикр кардааст, “Дар моҳи мизон ақли кулл ва табиат муросо мекунанд”.

Банда дар зарфи 50 соли шаҳрванди болиғ буданам дар даҳҳо интихобот иштирок кардам. Ба ҳайси шахси боэътимод, фаъоли ҳизбӣ низ собиқаи хуб дорам. Журналистон беҳтарин имиҷсози шахсиятҳоянд. Боре ҳам пушаймон нашудаам, ки номзадҳоро тавсиф кардам. Ҳамзамон, дар 29 соли Истиқлолият ягон вазифа ва имтиёзи иловагӣ нагирифтаам. Баръакс, заҳмати 45-солаам бо нафақаи ночиз қадр гардид, вале шукрона мегӯям, ки мисли зиёиёну рӯшанфикрон ё фирориёни кишварҳои дигар дар ба дару ғуломи зархаридон нестам. Мисли исмоилиёни Эрон пинҳонӣ ибодат намекунам, балки доду фиғони бобоёнамро аз қарни 19 аз зулми афғону манғит ба набераҳоям қисса мекунам. Сухани собиқ дипломати лубнонӣ Мутаҳайир Усқо “Касе, ки қадри осоиштагиро намедонад, як умр ҷон ба каф овора мегардад” шиори шукронаам аст.

Наҷмиддин Шоҳинбод

шореҳи “ИмрӯзNews”