Вазир: Тоҷикистон имкони қабули гурезаҳои зиёдро надорад

Shared to Facebook

Бо мақсади сохтани лагерҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд. Аммо дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилоти байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.

Бинобар ин, дар ҳудуди Тоҷикистон имкони қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад.

Ин нуктаро Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 сентбяр зимни мулоқот бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди таъкид кардааст.

Вазир гуфтааст, дар мадди аввал барои таъмиру таҷдиди “Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кӯмаки роҳбари Намояндагии Комиссари олии СММ зарур аст.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон ва роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намудаанд.

Рамазон Раҳимзода гуфтааст, Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳои ба танзим даровардани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Таъкид шудааст, ки мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Афғонистон ба мушкилоти глобалӣ табдил шуда, яке аз масъалаҳои душвор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Бино ба маълумоти Вазир, танҳо дар 15 соли охир дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаи гурезаҳо аз Афғонистон ба қайд гирифта шуда, шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар давраи ғасби Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карда, давоми як ҳафта дар дохили Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин гардида ва баъдан бо роҳи осоишта ба ватан баргардонида шуданд. Гуфта шудааст, дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

Рамазон Раҳимзода бо нигаронӣ аз ҳодисаҳои охир дар Афғонистон изҳор доштааст, ки номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар заминаҳои мусоидро барои ноором сохтани вазъ дар минтақа фароҳам овардааст:

“Дар ин замина имконоти таҳдидҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва тарканда, инчунин интиқоли ҷалбгарони терроризм ба дигар давлатҳо афзоиш меёбад. Ин далелҳо ба амнияти натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад”, — гуфтааст вай.

Гуфта шудааст, Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо онҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.

Изҳори омодагӣ шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд. Ҷонибҳо изҳор намудаанд, ки ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд густариш медиҳанд.