Тағйироти кадрӣ дар ВКД ва рутбаи генералӣ ба Суҳроб Рауфзода

Shared to Facebook

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, муовини вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон аз вазифааш озод карда шуд.

Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода Партов, ки то ин дам ба ҳайси сардори Воҳиди махсус ВКД-и ҷумҳурӣ кор мекард, ба ҷойи ӯ муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.

Бино ба хабарҳо, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода сардори Раёсати ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт таъин шудааст.

Генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон дар мақомоти корҳои дохилӣ то ин вақт дар вазифаҳои нозири ташкили роҳи ШБДА, бозраси давлатии автомобилии ШБДА, бозраси давлатии автомобилии гурӯҳи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори шуъбачаи минтақавии бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ, сардори ШБДА РКД, сардори Муассисаи нақлиётии РКД вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи бақайдгирӣ — имтиҳонотии Раёсати РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми марти соли 2017 то 10-уми сентябри соли 2020 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода Партов бошад, дар вазифаҳои нозири хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, нозири калони хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири шӯъбачаи хадамоти роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, командири взводи ШБДА, муовини командир оид ба техникаи ШБДА, сардори шӯъбачаи назоратӣ-техникии ШБДА, командири баталёни алоҳидаи роҳбонӣ-дидбонии ШБДА, муовини сардори Раёсати бозрастии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали сардори РКД дар шаҳри Душанбе, сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр кор кардааст.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта бо Фармони Президенти Тоҷикистон, ба Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Рауфзода Суҳроб Орзу рутбаи махсуси генерал-майор дода шудааст.

“Ба полковник Рауфзода Суҳроб Орзу – фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии “генерал-майор” дода шавад”, — омадааст дар Фармони Президент.

Генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу то ин вақт дар мақомҳои сардори ротаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири взводи ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири ротаи комендантӣ-таъминотии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, муовини сардори Ситод оид ба ротаи разведкаи қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири баталёни фаврии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, командири полки фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД кор кардааст. 12 декабри соли 2017 ба вазифаи фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.