Фармони мораторий ба санҷиши соҳибкорони хурду миёна то соли 2029 имзо шуд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми октябр, фармони мораторий ё маҳдуд кардани санҷиши соҳибкорони хурду миёна то соли 2029-ро имзо карданд. Матни фармон дар сомонаи Президенти Тоҷикистон нашр шуд.

Ҳамакнун, тибқи ин фармон, ҳеҷ ниҳод, ба истиснои мақомоти андоз, ҳақ надорад, ки то то 1-уми январи соли 2029 фаъолияти ин соҳибкоронро санҷад.

Ин фармон муҳлати мораторийи ҳоло амалкунандаро, ки аз соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 эълон шуда буд, ду сол дароз мекунад.

Дар бораи мораторийи навбатӣ Сарвари давлат рӯзи 14-уми октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорон эълон карданд.

Ин маротиба ҳам мораторий бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ эълон карда шуда, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд.

Ёдрас мекунем, ки то ин замон бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти кишвар давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022 ва 2025) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат дар шарҳи ин фармон навишт, ки мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.

Зикр мегардад, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонун “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.