Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ӯзбекистонро, ки таҳти сарварии муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар Улуғбек Иноятов ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфтааст.
Бино ба гузориши котиботи Маҷлиси миллӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта шудааст, солҳои охир равобит миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев торафт густаришу таҳким ёфта, уфуқҳои нав ба навро касб менамоянд:
“Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкорӣ дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм диққати хос зоҳир намуданд”, — хабар дод манбаъ.
Дар мулоқот таъкид гардидааст, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегиранд. Таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳарду давлат ба ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкории амалии мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ афзоиш меёбад.
Вобаста ба ин, таъкид шудааст, ки бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад.
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкории байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконот ва захираҳои мавҷударо сафарбар мекунанд.
Рӯзи гузашта ҳамчунин мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов баргузор шудааст.
Бино ба маълумоти котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот ҳарду ҷониб масоили ҳамкории байнипарламентии давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.
Дар мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода аз иқдомоти ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ кардааст. Таъкид шуд, ки бояд ин анъанаҳоро ҳифз намуд, зеро Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.
Гуфта шудааст, дар доираи мулоқотҳои президентҳои ду кишвар дар Душанбе ва Тошканд беш аз 50 санади нав ба имзо расиданд, ки баёнгари таҳкими равобити дуҷониба буда, дар онҳо майлу хоҳиши қадимӣ ва иродаи халқҳои бародари мо таҷассум меёбанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарламентиро миёни ду давлат муҳокима намудаанд.
Рӯзи 21 сентябр ҳамчунин дар шаҳри Душанбе нишасти машваратии ҳайати байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Олий Маҷлиси Ӯзбекистон — гурӯҳҳои дӯстӣ баргузор гардида, ҷонибҳо муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарламентиро баррасӣ карданд.
“Муносибатҳои ду давлати ҳамҷавор дар марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми самтҳо рушди густурда пайдо намуда, ба шарикии стратегӣ мубаддал гардиданд, ки аз иродаи қавии роҳбарони сиёсии ду давлат шаҳодат медиҳанд”, — гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ.
Муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов раванди ҳамкории тарафайнро неку дурандешона номида, рушди муносибатҳоро барои ҳарду давлат муҳим ва манфиатбор арзёбӣ намуд.
Бино ба маълумоти котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҳамоиши гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ 4 масъала — дар бораи дурнамои ҳамкории минбаъдаи байнипарламентии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дар бораи вазъи иҷрои шартҳои дар Ёддошти соли 2019 байни палатаҳои поёнии ду давлат баимзорасонидашуда ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда, ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими робитаҳои ҳасанаи байниминтақавӣ ва рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии парламентӣ — АБП ИДМ, АП САҲА мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор гирифт.
Худи ҳамин рӯз меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, толори таърихӣ ва толори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон боздид намудаанд.