Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тариқи видеоконфронс дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар тӯли ин солҳо СММ ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ ташаккул ёфта, тавонист ба як платформаи муҳимму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад:
“Фаъолияти ин Созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав КОВИД–19, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба (мултилатерализм) ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Миллали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд”, — гуфтааст Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат бо ишора ба таҷлили 75-солагии Fалаба бар фашизм дар соли равон гуфтааст, дар таъмини ин Fалабаи бузург баробари шаҳрвандони дигар халқу миллатҳо фарзандони барӯманди Тоҷикистон низ нақши назаррас гузоштанд.
“Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем”, — афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, ҷашни 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд ва инсоният танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ метавонад, дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад:
“Тоҷикистон низ дар муколамаи ҷаҳоние, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ширкати фаъол дорад. Мо ният дорем, саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.
Кишвари мо дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад”, — афзудааст Сарвари давлат.
Таъкид шудааст, ки хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.
Ёдрас мекунем, ки вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 21 сентябр оғоз ёфт.