Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 17 феврал, бо Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, мулоқот кардаанд.
Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардида, роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он баррасӣ шуд.
Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр гардидааст. Дар ин замина Президенти Тоҷикистон ба имконоти зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора кардаанд.

Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд.
Роҳбари давлат кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид кардаанд.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатиро дар тамоми самтҳои рӯзномаи дуҷониба зикр кардаанд. Дар ин замина таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода равона гардидааст. Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт.




