Дар Чин ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Абдулазиз Комилов зимни як мулоқот дар Чин ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ кардаанд.

Ин мулоқот 12 май дар шаҳри Сиан дар ҳошияи ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шудааст.

“Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.