Ба гуфтаи масъулини Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, парвандаи 103 “ихвонӣ”, ки дар ҳоли баррасӣ аст, махфӣ нест. Мақомот гуфтанд, баррасии парвандаи 103 тан гумонбаршудаҳо дар суд идома дошта, ду нафари муттаҳамон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Муовини якуми раиси Суди Олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода дар нишасти матбуотии рӯзи 20 июл гуфт, парвандаи аъзои созмони “Бародарони мусулмон”, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, махфӣ нест:
“Дар ин парванда 103 нафар ҳамчун судшаванда мегузаранд. Азбаски имконияти 103 нафар судшавандаро ба толори судии Суди Олӣ оварда, баррасӣ кардани парвандаи онҳо хеле кори сангин аст, зарур дониста шуд ин баррасиҳои судӣ дар муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ гузаронида шаванд”, — гуфт Шавкат Лутфуллозода.
Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, агар ба шакли махфӣ набошад, маълумот омода намуда, онро дар сомонаи Суди Олӣ ҷой медиҳанд ва дар нишасти матбуотии оянда ҳатман маълумоти пурра пешниҳод месозанд.
Бино ба иттилои Суди Олӣ, аъзои созмони “Бародарони мусулмон” аз рӯи шаш моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла 187, қисми 1 – “ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (аз 15 то 20 сол), 307 – 1 – “даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (аз 2 то 5 сол), 307 – 2 – “ташкили иттиҳоди экстремистӣ (аз 8 то 12), 307 – 3 – “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” (аз 5 то 8 сол), 107 – “дузанагӣ” (як ҳазор нишондиҳанда ё 2 соли корҳои ислоҳӣ) ва 347 – “хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он” (аз 500 то 1000 нишондиҳанда) муттаҳам дониста мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ду нафаре, ки аз онҳо хориҷиҳо ном бурда мешавад, шаҳрвандони Миср будаанд:
“Яке Муҳаммад Баюмӣ Fунайм, устоди кафедраи филологияи шарқии Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ва дигарӣ, Алӣ Иброҳим Мансур Муҳаммад Алимансур, омӯзгори забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Ҳарду дар қатори 103 нафаре ҳастанд, ки ба ҷурми узвияти дар созмони мамнуъи “Бародарони мусулмон” боздошт шудаанд. Бақия ҳама шаҳрванди Тоҷикистонанд. Ягон хориҷии дигар нест”, — гуфт Шавкат Лутфуллозода.
Ҳафтаи гузашта масъулони Прокуратураи генералӣ аз ирсоли парвандаи 132 узви созмони “Бародарони мусулмон” (“Ихвон – ул – муслимин”) ба суд хабар доданд. Муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо зикри ин маълумот дар нишасти матбуотӣ гуфт:
“Тафтиши парвандаи як гуруҳи калони аъзои созмони экстремистӣ – террористии “Бародарони мусулмон” дар Прокуратури генералии Тоҷикистон такмил шуда, тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди олӣ ирсол карда шуд. Нисбати 73 нафари дигар, ки аз тафтишот пинҳон шудаанд, кофтуков эълон шудааст”.
Моҳи январ Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода буд, ки 113 нафарро бо гумони узвият дар созмони “Бародарони мусулмон” боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз намудааст.