Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси СММ аз талошу иқдомҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм гуфт

Shared to Facebook

28-30 июн дар Ню-Йорк бо ташаббуси Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш Конфронси дуюми сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм зери унвони “Муқовимат ва пешгирии терроризм дар заминаи фанновариҳои дигаргункунанда: рафъи таҳдидҳои даҳсолаи нав” дар сиғаи омехтаи маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарони мақомоти зиддитеррористӣ ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СММ ширкат варзиданд. Ҳайати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ иштирокдоронро бо талошу иқдомҳои Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ ва натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона” (16-17 майи 2019, Душанбе) шинос намуда, ба аҳаммияти тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Дафтари зиддитеррористии СММ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он таъкид кард.

Конфронси амниятии Душанбе дар соли 2019 ҷиҳати пайгирии аҳдофи якумин Конфронси сатҳи баланди роҳбарони мақомоти зиддитеррористии СММ дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо таҳдиди афзояндаи терроризм” (28-29 июни 2018, Ню-Йорк) баргузор шуда буд.