Оғози сохтмон ва барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 24 октябр, дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Оби Гарм санги асос гузоштанд.

Лоиҳаи мазкур ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, беҳтар намудани шароити ҳаракати воситаҳои нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи бехатарии роҳ ва тақвияти робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ равона гардидааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мошингард 70 километрро ташкил медиҳад ва он аз ду хати ҳаракат дар ду самт иборат буда, паҳноии қисми ҳаракат 10–12 метр ва паҳноии канори роҳ 2,5 метрро ташкил хоҳад дод.

Дар доираи лоиҳа, инчунин, бунёди роҳҳои пиёдагард ба дарозии умумии 16 ҳазору 600 метр, насби 1850 аломати роҳ, 1500 метр панҷараҳои муҳофизатии парапетӣ ва иҷрои корҳои дигари муҳандисиву инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол, сарфаи вақт ва сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун бо ҳама инфрасохтори зарурӣ дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад.

Татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардад.

Дар ҳамин ҷо Президент бо рафти корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои пайвасткунанда дар доираи Лоти 3 роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод шинос шуданд.

Дарозии пули нав, ки аз болои обанбори Неругоҳи “Роғун” мегузарад, 920 метр ва дарозии роҳҳои пайвасткунандаи он 1,5 километрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ имкониятҳои ҳаракати нақлиёт дар ин масир беҳтар хоҳанд шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки пул аз 8 такягоҳ ва 78 мехсутун иборат буда, корҳои пармакунӣ ва бетонрезии мехсутунҳо пурра ба анҷом расидаанд.

Ҳамзамон, дар сутунпояҳои пул корҳои арматурбандӣ ва бетонрезӣ ба таври шабонарӯзӣ идома ёфта, барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои зарурӣ истифода мешаванд.

Дар баробари сохтмони пул, корҳои омодасозӣ ва бунёди роҳҳои пайвасткунандаи он низ идома доранд.

Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 73 техникаву механизми пуриқтидори сохтмонӣ ва беш аз 200 мутахассиси ватаниву хориҷӣ ҷалб шудаанд.

Татбиқи лоиҳа аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии боэътимоди байналмилалӣ  таъмин карда мешавад.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё сурат мегирад.

Ба гуфтаи масъулин, амалӣ гардидани лоиҳа ба беҳтар шудани шароити ҳаракати нақлиёт, рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа ва истифодаи самараноки имкониятҳои нақлиётии кишвар мусоидат мекунад.

Гузоштани санги асоси сохтмони роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун ба масофаи 70 километр ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар пули мошингузари ноҳияи Нуробод 24.10.2026