Таҷлили бошукуҳи ҷашни Сада дар Қасри Арбоб

Shared to Facebook

Тантанаҳои асосии ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили иди бостонии Сада 5 феврал бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб баргузор гардид.

Ба таъкиди Сарвари давлат, Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.

Гуфта шуд, Сада бо фазилатҳои некаш аз наздик омадани фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз мужда мерасонад.

Дар тантанаҳои идона аҳли заҳмати вилояти Суғд дастоварди меҳнатӣ ва маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтани роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Зимни тамошои намоишгоҳ Пешвои миллат ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот намоиши маҳсулоти нонӣ ташкил гардида, корхонаҳои хӯроквории вилоят навъҳои гуногуни шириниҳоро ба маъраз гузоштанд.

Аз ҷониби Ассотсиятсияи занбӯрпарварони вилояти Суғд асали хушсифати табиӣ пешниҳод гардид.

Зимни суҳбат бо занбӯрпарварон Президент дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лубиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии Тоҷикистон боло бардошта шавад.

Ҳоҷагиҳои тухмипарварӣ, Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Тухмиҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд” дар ҷашни Сада навъҳои гуногуни тухмиро ба намоиш гузоштанд.

Дар гӯшаи дигари намошгоҳ кормандони Муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд” неъматҳои табииро муаррифӣ намуданд.

Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд.

Ба андешаи Сарвари давлат, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои иқдомҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин восита сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем.

Амчунин дар намоишгоҳ намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Дар ин ҷо Сарвари давлат ба хоҷагидорони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштич даҳҳо адад техникаи наву замонавии кишоварзӣ тӯҳфа кардаанд.

Намояндагони филиали Суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон башаклдарории дурусти ниҳоли дарахтони мевадиҳандаро намоиш доданд. Ниҳоли даҳҳо намуд дарахти ҳосилдеҳ, ки аксари онҳо навъҳои маҳаллӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуд. Ҷашни Сада воқеан ба иди ҳақиқии кишоварзон, деҳқонон ва дар маҷмуъ аҳли заҳмат табдил ёфт.

Ошпазони моҳир ва кадбонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунари волои худро муаррифӣ карда, дар дегҳои бузургҳаҷм як тонна оши палав ва як тонна ҳалво омода карда, пешниҳод намуданд.

Барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ҷашни Сада пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгони мо бо мақсади таҷлили ин ҷашни нуру гармӣ дар сатҳи баланд таҳия ва пешниҳод шуд, ки далели воқеии иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард.

Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва ба ифтихори ҷашни Сада ҳунармандони чирадасту соҳибзавқи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои меҳнатии худро ба таври шоиста муаррифӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки онҳо дар ҷашни бошукӯҳи Сада изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушду равнақи бештари ҳунарҳои мардумӣ ба масъулон дастур доданд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бунёди коргоҳу гӯшаҳои фурӯши армуғон ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, барои фаъолияти васеи ҳунармандон шароити зарурӣ фароҳам оранд.