Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ

Shared to Facebook

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ имрӯз, 30 июн, бо Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ мулоқот кардааст.

Раҳмонӣ рӯзи гузашта бо ҳайати парламентӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳайси мушоҳид ба шаҳри Душанбе омад.

Дар мулоқот гуфта шудааст, пайвандҳои бародарии мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон аз қаъри таърих маншаъ гирифта, зербинои мустаҳками равобити муосири ду кишвар мебошанд.

“Густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд”, — гуфтаанд мусоҳибон.

Гуфта шудааст, мардумони Тоҷикистону Афғонистон хуб дарк мекунанд, ки маҳз тавассути талошу пайгириҳои муштараки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Афғонистон равобит ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфтанд:

“Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талошҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад.

Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ касб менамояд”.

Зикр шудааст, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати босамари хориҷии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни ҳарду кишвар пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд. Тавассути ин пулҳо рафтуомади шаҳрвандони ду кишвар ба роҳ монда шуда, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва мубодилаву содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум вусъат гирифт. Инчунин, бо супориши Сарвари давлат, парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Кобул-Душанбе оғоз шуданд.

Ҷонибҳо инчунин зарурати дар ояндаи наздик муайян кардани роҳу василаҳои муассири тақвияти ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин робитаҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро, ки Ассамблеяи парламентии СААД аз ҷумлаи онҳост, таъкид намудаанд.