Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз вазъи ташвишовари Афғонистон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 22 июл суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар оғози суҳбат Владимир Путин дар иртибот ба даргузашти хоҳари Президенти Тоҷикистон изҳори тасаллии амиқ кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намудаанд:

“Таваҷҷуҳи хосса ба мувофиқа кардани ҷадвали мулоқот ва тамосҳои дар сатҳи олӣ пешбинишуда ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар сиғаи ҳамкориҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд”, — омадааст дар хабар.

Дар ин замина ҷонибҳо ҷараёни омодагиро ба сафари расмии қарибулвуқӯи Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор додаанд. Аҳамияти татбиқи минбаъдаи амалии иқтидори азими ҳамёрии Тоҷикистон ва Русия дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ таъкид карда шудааст:

“Сарони ҳарду давлат оид ба талошҳои минбаъдаи тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози ақида намуданд. Дар ин замина масъалаҳои марбут ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баррасӣ шуданд. Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар созмонҳои бонуфузи минтақавии зикршуда иҷро мекунад”.

Зимни суҳбати телефонӣ мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, мушкилоти Афғонистон баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бо изҳори нигаронӣ дар бораи рушди ташвишовари вазъ дар ин кишвар суҳбат кардаанд. Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд ҳам ҳамоҳангсозии зичи амалҳои ҷонибҳо дар ин самт ба мувофиқа расиданд.

Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин, 5 июли соли равон низ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз ҷумла, ба якбора бад шудани вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуда буданд.