Бино ба маълумоти Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, то 16 июли соли равон нисфи маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” пардохт шудааст.
Раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз 23 июни соли 2021 ва аз 2 июли ҳамин сол раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони бонки барҳамдодашудаи ҶСК “Агроинвестбонк” мавриди иҷроиш қарор дорад.
Зикр мегардад, ки раванди пардохти ҷубронпулии суғурта мувофиқан тавассути ҶСК “Ориёнбонк” ва БДА ҶТ “Амонатбонк”, ки аз номи Хазина ва аз ҳисоби он ба сифати бонк-агент баромад мекунанд, амалӣ шуда истодааст.
Тибқи ҳисоботи фосилавӣ, дар давраи аз санаи оғози пардохтҳо то 16 июли соли 2021 аз тарафи бонк-агентҳо дар асоси феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба 2 391 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 38,9 млн. сомонӣ (67{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) ва ба 4 407 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи ҶСК “Агроинвестбонк” ба маблағи 74,1 млн. сомонӣ (50{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} маблағи умумии ҷубронпулии суғуртаи бонки мазкур) пардохтҳои ҷубронпулӣ анҷом дода шудаанд.
“Ҳамин тариқ, ҷамъан то санаи 16 июли соли равон аз ҷониби Хазина ба 6 798 нафар пасандоздори муроҷиаткардаи бонкҳои барҳамдодашуда ба маблағи 113,0 млн. сомонӣ пардохтҳо анҷом дода шудаанд, ки 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағи ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои шахсони воқеии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк”-ро ташкил медиҳад”, — маълумот дод сомонаи расмии Хазина.
Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, раванди пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорон дар давоми то як сол амалӣ карда мешавад:
“Пасандоздорон ҳуқуқ доранд барои гирифтани ҷубронпулии суғурта дар давоми то як сол дар дилхоҳ вақти муносиб ба бонк-агент муроҷиат намоянд”, — мегӯяд Хазина.
Зимнан, маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 000 сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 000 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаҳои ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ тибқи қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №89 ва №88 бозхонд карда шуданд. Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзҳои 4-ум ва 7-уми июни имсол дар бораи барҳамдиҳии маҷбурии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” қарор қабул кард.