СММ ва СААД аз оташбас истиқбол карданд

Shared to Facebook

Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияти аҳдномаи дастаҷамъӣ аз оташбас ва тамосҳои сатҳи баланди Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол кардаанд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват ба амал овард, ки барои таъмини риояи оташбас дар марз тамоми чораҳои заруриро андешанд.

Дар ин бора зимни як брифинг намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик изҳор дошт:

“Дабири кулл ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронӣ пайгирӣ кард. Вай дар робита ба ҳалокати одамон дар ҷараёни даргириҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият намуда ва орзу мекунад, ки захмиён зуд шифо ёбанд», — гуфт Дюжаррик.

Ба гуфтаи ӯ, Гутерриш аз созиши оташбас, ки рӯзи 1 май ҳосилшуда ва тамосҳои президентҳо, сарвазирон ва вазирони корҳои хориҷии ду давлат истиқбол мекунад:

“Вай аз ҳарду ҷониб даъват кард, ки барои таъмини риояи оташбас тамоми чораҳои заруриро андешанд”, — илова кард Дюжаррик.

Дабири кулл гуфтааст, намояндаи махсуси ӯ дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман бо мақомоти ҳарду тараф дар тамоси мустақим боқӣ монда ва бори дигар омодагии СММ-ро барои дастгирӣ дар ҳолати зарурӣ изҳор медорад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман гуфтугуи телефонӣ анҷом дода, роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллуфасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот дода буд.

Дар ҳамин ҳол, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ талоши Тоҷикистону Қирғизистонро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ намудааст:

“СААД аз ба даст овардани созишҳо дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин хуруҷи қисмҳои низомӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад”, — гуфт котиби матбуотии ин созмон Владимир Зайнетдинов.

Ёдрас мекунем, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавзеъи “Головной”, воқеъ дар болооби дарёи Исфара, охири моҳи апрел, баъди аз ҷониби неруҳои қирғиз мавриди тирпарронӣ қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон шадид шуд.

Иншооти тақсими об дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ аст, ки замони Шӯравӣ бо мақсади танзими об байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон сохта шудааст.

Ҳамлаи неруҳои қирғиз дар рӯзҳои 28-29 апрел ба қаламрави Тоҷикистон бо мақсади ғасби ин иншоот сурат гирифтааст. Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шаҳрвандони Қирғизистон ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд. Дар ин муноқиша низомиён бо либоси мулкӣ иштирок кардаанд. Дар идома шаҳрвандони он кишвар, ки бо силоҳ таъмин карда шудаанд, ба сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон тирпарронӣ кардаанд. Ба тирпарронӣ неруҳои марзбонии он кишвар ва нишонгирҳо (снайпер) ҳамроҳ шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, Раиси шаҳри Исфараро захмӣ карданд ва чанде дигарро ба ҳалокат расониданд.

Рӯзи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳадро ба имзо расонида, ҳамчунин барои ба ҷойҳои доимии худ баргардонидани неруҳо тавофуқ карданд.

Бино ба маълумоти охир, дар пайи ин ҳамлаи ғосибонаи неруҳои қирғиз ба Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 100 нафар сокинони осоишта маҷрӯҳ шуданд.

3 май Прокуратураи генералии Тоҷикистон эълон кард, ки аз рӯйи ин далели ҳамлаи мусаллаҳона тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.