Тоҷикистону Ӯзбекистон: муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ

Shared to Facebook

Рӯзи 30 август Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ӯзбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари ӯзбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд, хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ӯзбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр кардаанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин якчанд масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намудаанд. Ҳамчунин, масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ кардаанд.