Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Рӯзи шанбе, 28 август, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории муштарак 23 август оғоз гардида буд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд:

“Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд”, — хабар дод манбаъ.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар анҷом Протокол ба имзо расидааст.