19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гуруҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқоти самимӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити таҳсили донишҷӯён пурсон шуда, бо итминон иброз доштанд, ки онҳо донишу малакаи дар Ҷопон бадастовардаи худро барои рушду пешбурди Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба бештар ва амиқтар андӯхтани илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопон ҳидоят намуданд.
Аз рушди мунтазами соҳаи маориф ёдовар шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ба туфайли талошҳои пайвастаи Ҳукумат, соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маънавиёт аз рушду таҳаввулоти ҷиддӣ бархурдор гардидааст.
Гуфта шуд, ки ба мақсади таълиму тарбияи насли нави ояндасоз барои афзоиши назарраси шумораи муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тадбирҳои муассири амалӣ андешида шудааст.
Зикр гардид, ки барои истифодаи пурсамари ҳамаи имкониятҳо барои кишвар мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои гуногун лозиманд.
Аз ин рӯ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват намуданд, ки бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисиву сохтмон, роҳсозӣ, энергетика, технологияҳои нав ва дигар соҳаҳои муҳим таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.








