Қадршиносии Тоҷикистон аз Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд: Бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд

Shared to Facebook

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ду шахсияти маъруф, ки дар хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми бузург гузоштаанд — собиқ Президенти Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд — баъд аз марг бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шуданд.

Фармонҳои Президенти Тоҷикистон рӯзи 2 сентябри имсол ба тасвиб расиданд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” омадааст:

“Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад”.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” низ омадааст:

“Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад”.

Ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.

Бино ба шарҳе, ки Хадамоти матбуотии Сарвари давлат вобаста ба тасвири ордени “Исмоили Сомонӣ” нашр кард, он аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд.

Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.

Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.

Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” — тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I — 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.

Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.

Дар ҳамин ҳол, Салоҳуддин Раббонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ва писари собиқ Президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ, бо нашри паёме дар саҳифаи фейсбукияш ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳдои ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I ба падараш ва Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд миннатдорӣ изҳор кардааст:

“Ҷалолатмаъоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон тайи ду фармони ҷудогона, нишони дараҷаи I Исмоили Сомонӣ, олитарин нишони давлатии Тоҷикистонро ба раҳбари ҷиҳоду муқовимати мардуми Афғонистон, раисҷумҳури пешини ва шаҳиди сулҳ пруфейсур Бурҳонуддин Раббонӣ ва Қаҳрамони миллии кишвар, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд эъто намудааст”, — навиштааст вай.

Раббонӣ дар ин паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон “бобати қадршиносӣ ва такрими ҷойгоҳ ва эҳдои олитарин нишони давлатии ин кишвар ба Раҳбари шаҳид ва Қаҳрамони миллии кишвар амиқан сипосгузорӣ” намудааст.

Ҳамчунин, ӯ 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро ба Президент ва мардуми Тоҷикистон табрик намудааст.

Салоҳуддин Рабонӣ навиштааст, ки нақши миёнҷигариёна ва сулҳҷӯёнаи Устоди шаҳид ва Қаҳрамони миллӣ дар поён бахшидани ҷанги дохилии тоҷикон ва барқарории сулҳу субот дар он кишвар арзанда ва таърихӣ пиндошта мешавад. Ӯ гуфтааст, падараш ба ҳайси Президент нахустин сафари хориҷии худро ба Тоҷикистон анҷом дода буда ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нахустин сафари худ ба Афғонистон ташриф овард. Дар ин сафар мавзуъи ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон мавриди баҳс будааст.

Фармони

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор

Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени

Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 сентябри соли 2021

№247(175)

Фармони

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири

мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,

Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи

Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

2 сентябри соли 2021

№248(181)