Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин гардид

Shared to Facebook

Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Хусрав Нозирӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Хусрав Нозирӣ Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таъин гардид.

Хусрав Нозирӣ дар гузашта сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ буд.

Вай қабл аз таъин шуданаш ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Африқои Ҷанубӣ, сафири Тоҷикистон дар Эфиопия, сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир ва сафири Тоҷикистон дар Марокаш буд.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки бо номи ECO маъруф аст, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Теҳрон аст.