Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Shared to Facebook

Гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ аз фаъолияти худ дар соли 2021 натиҷагирӣ намудаанд.

Вохӯрии навбатӣ рӯзҳои 20-25 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст:

“Зимни нишаст тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст карда, Нақша-ҷадвали вохӯриҳои гурӯҳҳои кориро барои соли 2022 мувофиқа намуданд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки вохӯрии навбатӣ дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, дар поёни чорабинӣ протоколи дахлдор ба имзо расидааст.