Қонуни авф: маълум шуд, ки киҳо озод мешаванд. Маҷлиси намояндагон Қонун “Дар бораи авф”-ро қабул кард

Shared to Facebook

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рӯзи 6 сентябр лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро қабул карданд. Иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Бино ба гузориши котиботи Маҷлиси намояндагон, қонун “Дар бораи авф”-ро муовини Прокурори генералии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода шарҳ дода, гуфтанд, он бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар асоси моддаҳои 58 ва 59 Конститутсияи Тоҷикистон аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун иқдоми навбатии башардӯстона ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Гуфта шуд, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи авф” нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:

– шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;

– шахсоне, ки нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;

– ҷазо нисбат ба онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;

– ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

– шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;

– ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд;

– барои ҷиноятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

“Баррасӣ ва омода намудани лоиҳаи мазкур ба иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди муҳокимаи таклиф ва пешниҳоди вакилон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хусусан меъёри муқаддима, моддаҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 14 ва 15 такмил,  бандҳои моддаҳои 4, 7 ва 8 ба мазмун ва моҳияти қисми 1 моддаҳои болозикр мувофиқ карда шуданд. Инчунин ба лоиҳаи Қонуни мазкур 1 моддаи нав — моддаи 10 илова гардид, ки тибқи он шахсоне, ки нисбат ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”  аз 25 октябри соли 2019 татбиқ шудааст ва онҳо боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намегардад, мустаҳкам шудааст. Ҳамаи ин тағйиру иловаҳо барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи Қонуни мазкур ва ба талаботи техникаи ҳуқуқ эҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст”, — гуфта шудааст дар иҷлосия.

Таъкид шудааст, ки ҳамаи таклиф ва пешниҳоди манзургардида бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Рустами Шоҳмурод, Азиз Гиёзода, Рустам Латифзода, Абдуалим Fаффоров, Гулбаҳор Ашӯрзода изҳор доштаанд, ки пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи Сарвари давлат аз амалӣ намудани меъёрҳои бунёдии Конститутсия оид ба эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, бевосита амалӣ гардидани онҳо, арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар суханрониҳои худ бартарияти лоиҳаи қонуни мазкурро аз қонунҳои қаблан қабулгардида шарҳ дода, ибрози боварӣ намуданд, ки баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур маҳкумшудагон ва шахсони ҷиноят содирнамуда, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд ва ё ҷазои онҳо кам ва сабук мегардад, сиёсати имрӯзаи давлатро хуб дарк ва эҳсос менамоянд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” пас аз муҳокима қабул гардидааст.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар поёни кори иҷлосия аз номи тамоми вакилон ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳоди чунин қонуни мукаммал ва инсондӯстона миннатдорӣ иброз намудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, ки бахшида а 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул мешавад, бино ба маълумоти расмӣ, нисбат ба 16 000 нафар татбиқ мегардад:

“Аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад”, — шарҳ дод қаблан Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Зимнан, қонун нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.

Қонун баъд аз имзои Президенти Тоҷикистон дар матбуот нашр гардида, ба иҷро медарояд.

Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.