Тоҷикистону Канада ҳамкориҳо ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 6 сентябр бо Вазири корҳои хориҷии Канада Марк Гарно суҳбати телефонӣ анҷом додааст:

“Дар рафти гуфтугӯ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Канада, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ кардаанд.