Дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯча, ки рӯзи 24 сентбяр баргузор гардид, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ гардид.
Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нур-Султон, дар ноҳияи Алма-ато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад.
Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳа (буриши) кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.