Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои қудратӣ

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъиноти кадрӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, бо фармонҳои Президент, Ахмедов Асомуддин аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ озод гардида, Саодатзода Раҷаб ба ин вазифа таъин гардидааст.

Ҳамчунин, дар асоси қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз вазифа озод гардида, “кадрҳои ҷавону дорои қобилияту малаки роҳбарӣ ба вазифаҳои муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин гардиданд”.

Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Сардорони раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби мутахассисони дорои ду ва ё зиёда маълумоти тахассусии муассисаҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар таъин гардидаанд.

Сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтаанд.

Рӯзи гузашта Сарвари давлат як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаанд:

“Пешвои миллат зимни суҳбат таваҷҷӯҳи асосиро ба бозомӯзӣ, такмили ихтисос, забондонӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, оромиву субот, мубориза алайҳи ҳамагуна қонуншиканӣ, алалхусус қочоқи маводи мухаддир ва молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ равона намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки кадрҳои далеру ҷасур, ватандӯсту содиқ ба давлату миллат метавонанд аз уҳдаи масъулият ва вазифаҳои ба дӯш доштаашон бароянд”, — гузориш дод Хадамоти матбуотии Президент.

Дар мулоқот инчунин аз як қатор камбудиҳо дар сохторҳои зикршуда ёдовар гардида, ба роҳбарони сохторҳо барои рафъи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шудаанд.

Рӯзи гузашта маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи афродеро, ки ба вазифаҳои нав таъин гардиданд, нашр кард. Аз ҷумла:

— генерал-майори милитсия Муҳаммадизода Муҳаммадӣ Толиб ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— генерал-майори милитсия Азиззода Абдуғафор Қаюм ба вазифаи сардори Раёсати ташхисӣ (экспертӣ)-криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;

— полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Абдуллозода Самариддин Абдулло ба вазифаи сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр;

— полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— полковники милитсия Ашурзода Абдуҷалил Халил ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;

— полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори ШВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКДН;

— полковники милитсия Назарзода Икромҷон Ҳурматулло ба вазифаи сардори ШВКД дар шаҳри Роғун;

— полковники милитсия Шарифзода Аҳлиддин Ҳомуддин ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон;

— полковники милитсия Солизода Абдувоҳид Орифҷон ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд;

— полковники милитсия Шонадирзода Шоҳусайн Шонадир ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Лахш;

— подполковники милитсия Тағойзода Давлатшоҳ Тағой ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд;

— подполковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;

— подполковники милитсия Имомбердизода Гулбек Худомун ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ;

— подполковники милитсия Қосимзода Муҳаммадӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;

— подполковники милитсия Идизода Баҳодур Холиқназар ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;

— полполковники милитсия Муродов Вафоҷон Бобохонович ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;

— подполковники милитсия Абдуллозода Асомуддин ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

— подполковники милитсия Раҳимзода Зафар Иброҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Носири Хисрави вилояти Хатлон;

— майори милитсия Сулаймонзода Нурулло Раҳматулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳринав.