Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр дар Брюссел бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Сарвари давлат аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад, хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон:
“Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намуданд”, — омадааст дар хабар.
Гуфта шудааст, омода намудан ва баимзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Тадбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ карда шудааст.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо инчунин тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои ояндадори энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, робитаҳо дар бахши маориф ва ҳамкории дуҷонибаро дар бахши амният, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Шарл Мишел даъват ба амал овардаанд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.