Ҳамкории сиёсию байнипарламентии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд

Shared to Facebook

Дар доираи сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 октябр дар шаҳри Брюссел бо Президенти Палатаи намояндагони Парламенти Федеролии Белгия Элиан Тилйё мулоқот кардаанд.

Бино ба иттилоъи Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарламентии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарламентии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурдаанд. 

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима кардаанд.

Ҳавасмандии зиёд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва гуманитариву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ зоҳир гардидааст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ карда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз Элиан Тилйё даъват намудаанд, ки ба Тоҷикистон ташриф орад.