Мулоқоти Шараф Шерализода бо Кассандра Колберт

Shared to Facebook

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода рӯзи 15 феврал бо Мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ хонум Кассандра Колберт мулоқот кардааст.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти Корпоратсия дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаи сайёҳӣ, нассоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намудаанд.