Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва Вазорати корҳои дохилӣ маросими пешвозгирии ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо Акмалиддин Каримов баргузор шуд.
Бино ба хабари маркази матбуоти ВКД, варзишгарро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи самбои кишвар, ҳамкорону ҳамкасбон, устодон, ёру дӯстон, варзишгарону шогирдон дар фазои тантанавӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона пешвоз гирифтанд.
Лейтенанти калон Акмалиддин Каримов мураббии дастаи варзишии қисми низомии 5453 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ аст, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сербия дар вазни 57 кило баромад намуда, ҷойи дуюмро ба даст овард ва бо медали нуқра сарфароз шуд.
Дар ин мусобиқа, ки аз 5-ум то 9-уми ноябри соли равон дар шаҳри Новий Сади Сербия доир гардид, бо сабаби маҳдудиятҳои сафар дар бисёр кишварҳо 400 варзишгар аз 30 давлат иштирок карданд. Дар ин сабқат Акмалиддин Каримов дар чанд марҳила ба рақибони худ аз Фаронса, Ӯзбекистон ва Украина дастболо гардида, дар даври ниҳоӣ танҳо аз варзишгари Русия Владимир Гладких бохт.
Бо ҳамин барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт.
Зимнан, Акмалиддин Каримов қаблан 4 карат барандаи медали нуқра ва 3 медали биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон, 2 карат қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, 5 карат қаҳрамони Осиё, 5 карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буда, 16 карат ғолиби чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барандаи дигар ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ дар сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад.
Номбурда Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо буда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро дар ин риштаи варзиш тарбия менамояд.
Ёдрас мешавем, ки дар баробари Акмалиддин дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо Комроншоҳи Устопириён мақоми сеюм ва Хушқадам Хусравов медали нуқраро ба даст оварданд.
Фармондеҳии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-майор Рауфзода Суҳроб ба уҳда дорад.