Сафари кории Президент ба ноҳияи Хуросон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Хуросон ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири кору фаъолияти кормандон дар он шинос шуданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ “Дилафрӯз” дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд шудааст.

Ҳамон рӯз, ҳамчунин, бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон ба истифода дода шуд, ки низ бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд карда шудааст.

Фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буда, сохтмони онро ҶДММ “Фарзин-7” ба анҷом расонидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати истифодаи пурраю мақсаднок аз шароити муҳайёгардида ҳидоят намуданд.

Дар идома Сарвари давлат дар шаҳраки Обикиик бинои Маркази ҷавононро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президент ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 октябр, ҳамчунин, марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди “Душанбе — Бохтар”- ро, ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи яки “Б” гузаронида шуд. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа, роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии БОР, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Тоҷикистон бунёд карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин роҳ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат 26 октябри соли 2017 оғоз гардида буд.

Марҳилаи дуюми ин роҳ аз километри 33 то километри 73-юмро дар бар гирифта, пурра аз ҳудуди ноҳияи Хуросон мегузарад.

Дарозии умумии он 35 километру 575 метр ва паҳноии он аз 23 то 27 метрро ташкил медиҳад.

Президент ҳангоми шиносоӣ аз роҳи мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ аз фаъолияти масъулин ва дигар мутахассисони варзида изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар ду марҳилаи роҳи “Душанбе – Бохтар” дар ҳамин ҷо   бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми ин роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ шинос гардиданд.

Марҳилаи сеюми роҳ аз қитъаи Қизилқалъа то шаҳри Бохтар масофаи 9,2 километрро дар бар мегирад.

Маблағгузории марҳилаи сеюм 31 миллион долларро ташкил дода, кӯмаки грантӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад.

Президент ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи сохташаванда ба масъулин ва дигар сохтмончиён ҷиҳати анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳо дода, таъкид намуданд, ки роҳ тавре бояд сохта шавад, ки солиёни дароз ба мардум хизмат расонад. 

Дар идома Сарвари давлат дар ноҳияи Хуросон гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор дода, дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия дар шафати Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, баландии он бо дарназардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, ҳамон рӯз бинои маъмурии деҳоти Фахробод ба истифода супорида шуд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият дар бинои маъмурии деҳоти Фахробод баҳои баланд дода, кормандонро барои тақвият бахшидани фаъолият ва содиқона иҷро намудани масъулияти бардӯшдоштаашон вазифадор намуданд.

Дар деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахробод бошад, майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби варзишгари маъруф Шоира Зулқайнарова бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо чанде аз варзишгарони ноҳия суҳбат намуданд. Сарвари давлат гуфтанд, дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат варзиш мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити имконияти фароҳамгардида дар самти тарбияи ҷисмонӣ бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро пеша намоянд.

Рӯзи 29 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии фермерии “Асадулло” аз қитъаи боғи нав бо ниҳолҳои навъи хориҷӣ боздид карда, бо нашъунамои дарахтон шинос шуданд.

Ниҳолу дарахтони ин қитъа аз Кореяи ҷанубӣ ворид шуда, аз 36 гектар асосан дар майдони 16 гектар ниҳолҳои себ, дар 11 гектар нок, 7 гектар олу, 2 гектар челон ва дар 1 гектар себи биҳӣ парвариш мегардад.

Хоҷагии фермерии “Асадулло” дар деҳоти Фахробод, ки аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дорои 14 ҳазору 423 гектар замин мебошад, соли 2009 ташкил шудааст.  Дар ин хоҷагӣ дар шаш соли охир беш аз 1700 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. 

Баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои дарахтони боғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи бойи боғдорони хоҷагӣ баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замин, афзун намудани ҳаҷми содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат ва вусъати корҳои созандагию ободонии ноҳия ҳидоят карданд.

Дар ҳамин ҷо Президент аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Хоҷагии фермерии “Асадулло”, ки аз анвои гуногуни истеҳсоли худӣ таҳия гардида буд, боздид карданд. Сарвари давлат ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд доданд.