Ситоди ҷумҳуриявӣ: Гаштугузор ва идгардак манъ аст

Shared to Facebook

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон эълон кард, ки “бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад”.

Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд.

Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват намудааст, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатиро қатъиян риоя намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон 31 июл таҷлил карда мешавад. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳафтаи гузашта дар нишаcти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин сана мувофиқи далелҳои илмӣ муайян карда шудааст:

“Азбаски мо дар ҳолати пандемияи коронавирус қарор дорем, ба хотири бартараф шудани ин хатар айни замон масҷидҳо баста мебошанд. Ин гуна ҳолатҳо дар шариати исломӣ низ пешбинӣ карда шудаанд ва намозгузорон метавонанд дар хонаи худ дар вақти намози ид ба зикру тоат машғул шаванд”, — шарҳ дод Абдулқодирзода.

Раиси Шӯрои уламо аз қавли бархе фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ далел овард, ки дар ин гуна ҳолатҳо шарт гузошта шудааст, дар сурате намози ид хонда нашавад, қурбонӣ баъди нисфирӯзӣ анҷом дода мешавад. Ӯ гуфт, намози Иди Қурбон дастаҷамъона доир намешавад ва шаҳрвандон метавонанд дар вақти намоз ба зикру тасбеҳ дар хонаҳояшон машғул шаванд:

“Яъне дар ин рӯз бояд намози ид хонда мешуд, аммо намози ид, ки хонда намешавад, қурбонӣ бо таъхир анҷом дода мешавад”, — афзуд ӯ.

Вай таъкид намуд, ки бо қарори ситоди ҷумҳуриявӣ ҷамъомади зиёди мардум манъ карда шудаанд ва дар доираи ин намози дастаҷамъона низ намешавад ва Маркази исломиву тамоми масоҷид низ ин хатарро ба назар гирифта, ходимони дин аз ин худдорӣ карда истодаанд.