19-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии дастаи мазкур суҳбат намуданд.
Иншооти навбунёд аз як бинои асосӣ ва се бинои ёрирасони 3 ошёна иборат буда, бо дарназардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳои нав мутобиқ ба меъёрҳои хизматӣ ва шароити мусоиди корӣ омода карда шудааст.
Ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва толору маҷлисгоҳҳо, биноҳои навбунёди Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия “Шоҳин”-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дорои синфхонаҳо ва майдончаҳои махсуси таълимӣ буда, онҳо бо аёниятҳои зарурии соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аз ҷумла, дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа, сару либоси низомӣ ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ба хизматчиёни ин даста, дар иншооти мазкур хобгоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ду ошхонаи замонавӣ бо муосиртарин шароит сохта шуда, яке аз онҳо дар фазои кушод дар фасли тобистон хизматрасонӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин бино дорои майдонча ва майдони муосири варзишӣ мебошад, ки дар он дар баробари гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамчунин имкони ба машқу тамрини ҳаррӯза фаро гирифтани хизматчиёни даста мавҷуд аст.
Дар саҳни иншооти навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ дидан карданд. Дар ин намоишгоҳ муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ, ки имрӯз мавриди истифода қарор доранд, ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиётҳои нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ хоҳад расонд.
Инчунин имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави асосии Раёсат, ки аз чор қисм ва 10 ошёна иборат аст, дар масоҳати наздик ба ду гектар мутобиқ ба талаботи фаъолияти мақомоти милитсия ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои тозабунёд дорои инфрасохтори мукаммал ва имкониятҳои фарох буда, 246 утоқи корӣ ва ёрирасон, маҷлисгоҳи асосӣ бо 346 курсӣ, маҷлисгоҳи хурд бо 40 ҷойи нишаст, хобгоҳ бо 290 рахти хоб, ошхона барои 178 кас дар як вақт, толори варзиш барои машқу тамрини бадан, инчунин майдонҳои варзиш барои футболи хурд, волейбол ва дигар намудҳои варзишро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур осорхонаи таърихӣ таъсис ёфтааст, ки дар он саҳму хизматҳои арзандаи кормандони мақомоти милитсияи пойтахт бо нигоштаҳо, аксҳо ва санадҳои муҳиму нодир инъикос ёфтааст.
Таъкид гардид, ки бо ба истифода додани бинои нав, кормандони милитсия бо дастгоҳу лавозимоти муосири ҷустуҷӯиву амалиётӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом дар таҳкими волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар нақши муҳим хоҳад бозид.
Бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қомат афрохта, на танҳо шароити муосири фаъолиятро барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фароҳам овардааст, балки бо намои хуштарҳу зебои худ ба симои шаҳр низ зебоӣ зам кардааст.
Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони литсеи “Дурахшандагон”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 640 хонанда бо хобгоҳи муосир барои 260 нафар муаррифӣ гардид.
Ин иқдом ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба рушди илму маърифат, тарбияи насли соҳибилм ва таҳкими пояҳои сохтории мақомоти қудратӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонию муҷаҳҳазсозӣ баҳои баланд дода, аз масъулин ва кормандони мақомоти милитсияи пойтахт талаб намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияту субот намунаи ибрат бошанд.
Тафсилоти бештар дар: https://www.president.tj/