Ҷаласаи панҷрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфт

Shared to Facebook

9 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитация ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид.

Тибқи мувофиқаи ҷонибҳо, ин ҷаласа рӯзи 4 август оғоз шуда буд.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор  имзо гардид.

Тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Қирғизистон доир кунанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.