Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 август бо мақсади шиносоӣ аз раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии ҷумҳурӣ — Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун сафар намуданд. Нахуст Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода дар маркази шаҳри Роғун бо ҷараёни корҳои азнавсозии роҳи мошингарди “Роғун-Обигарм-Нуробод” ва лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард аз НБО “Роғун” то НБО “Шӯроб” шинос шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Дарозии умумии лоиҳавӣ 9,8 километрро ташкил дода, тибқи лоиҳа, дар ин роҳ як пул бо дарозии 1593 метр ва дигар намуди корҳои роҳсозӣ ба анҷом расонида шуда, дар маҷмӯъ, роҳи мазкур ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар қисмати роҳи автомобилгарди даромадгоҳи шаҳри Роғун бо дарозии 11 километр соли 2021 оғоз гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷдид ва навсозии роҳи мазкур дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингардиди Роғун — Обигарм — Нуробод, марҳилаи якум амалӣ карда мешавад. Роҳ бо ду хати ҳаракати паҳноияш 8 — 12 метра сохта мешавад.
Ҳамзамон, мувофиқи лоиҳа, навсозии як пули мавҷуда бо дарозии беш аз 50 метр, сохтмони 11 қубури обгузар, насби ҷӯйборҳои обпартои оҳану бетонӣ, заҳбурҳои обкашӣ ва дигар корҳои роҳсозӣ ба анҷом расонида мешаванд.
Гуфта шуд, ба ҳолати 1 августи имсол корҳои сохтмонӣ дар 9 қубури обгузар ва дар бештари қисматҳои роҳ корҳои хобондани ҷӯйборҳои оҳану бетонии ду тарафи роҳ ба анҷом расидааст.
Дар ин ҷо ба Президент корҳои дар лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод иҷрошуда муаррифӣ гардид.
Сарвари давлат зимни муаррифии лоиҳа ба масъулон супориш доданд, ки корҳои сохтмониро дар роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дарозии умумии роҳ беш аз 75 километрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа, дар марҳилаи якуми роҳ бунёди 71 қубури обгузари қутрашон гуногун, 40 такядевори оҳану бетонӣ, 6 пул ва ду нақби мошингузар ва дар 92 нуқта деворпояҳои ҳимоявии сангӣ ба нақша гирифта, корҳо дар ин самт дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Айни ҳол дар ду баст ва 60 нуқта бо ҷалби 800 нафар коргарону мутахассисон ва 170 техникаи роҳсозӣ корҳои тахту ҳамворкунӣ, арматурбандӣ дар такядеворҳои оҳану бетонӣ, корҳои конструктивӣ ва кандани ҷинсҳои куҳӣ дар нақби Қандак ва Қарағоч идома доранд.
Корҳои нақбнакӣ дар нақби мошингарди Қандак, ки 1610 метрро ташкил медиҳад, пурра ба анҷом расида, дар нақби мошингузари Қарағоч корҳои конструктивӣ ва арматурбандӣ идома доранд.
Аз 6 пули мошингузаре, ки дар марҳилаи якум ба нақша гирифта шудааст 5-тои он навсозӣ ва 1-тои дигараш таъмир мегардад. Дар маҷмуъ, то ин давра сохтмони 47 қубури обгузар ва12 такядевори оҳану бетонӣ ба итмом расида, дар 25 нуқта корҳои бозсозии такядеворҳои ҳимоявии сангӣ идома дорад.
Марҳалаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар мегирад. Ҳоло дар ин масир сохтмони нақби “Тагикамар” бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули муваққатӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ идома дорад.
Роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он аз 12 то 15 метр ва канораҳои ду тараф ба 2,5 метр баробар мегарданд.
Қисмати мумфаршсозии роҳи мошингард бошад, аз 7 то 10 метрро ташкил намуда, дар маҷмуъ, роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм — Нуробод ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Рӯзи 9 август Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба НБО “Роғун” ташриф оварда, нахуст аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии сохтмонии қабати чорум дар сатҳи 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии он 79,4 метрро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки то ҳол 95 фоизи корҳои сементатсионӣ дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум иҷро шудааст.
Корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз шудааст. Нақб ба истиснои баромадгоҳ 1770 метр дарозӣ дорад ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад. Иқтидори обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб мебошад.
Корҳои сохтмону васлгарии иншооти мазкур аз тарафи пудратчии ҶСК “Тоҷикгидромонтаж” пеш бурда мешаванд.
Айни ҳол корҳои рукаши оҳанфулузот пурра ба анҷом расонида шудааст.
Президент ҳангоми шиносоӣ аз рафти корҳо дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум бо масъулону мутахассисон суҳбат карда, таваҷҷуҳи онҳоро ба тезонидани корҳои сементатсионӣ ва васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ ҷалб намуданд.
Ҳамчунин, Президент аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби сохтмонии қабати чорум боздид ба амал оварданд. Гуфта шуд, корҳои васлу насби оҳанфулузот ва арматурбандию сементатсионӣ дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби сохтмонии қабати чорум дар доираи нақша ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои соҳа ба сомон расонида шудааст.
Насб намудани оҳанфулузот, арматурбандӣ ва корҳои кафшергарӣ дар муҳлати муайяншуда иҷро шудаанд. Ҳоло корҳои кафшергарию сементансионӣ идома дорад.
Дар идомаи боздид Президент ба раванди корҳои то имрӯз анҷомёфта ва идомаи васлу насби таҷҳизоти механикию арматурбандӣ дар душохагии нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.
Дар ин ҷо ҳоло корҳои арматурбандӣ, бетонхобонии девору сақфи нақб, васлу насби анкерҳо ва корҳои сементатсионӣ идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва лоиҳакашӣ дар мавзеи шикасти “Ёнахш”-и нақби сохтмонии қабати чорум ва душохагии нақби мазкур аз тарафи пудратчии Лоти 3 ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иҷро шуда истодааст.
Президент зимни шиносоӣ аз раванди корҳои иҷрошуда дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таҷрибавии нақби сохтмонии қабати чорум, мавзеи шикасти “Ёнахш” ва душохагии нақби номбурда изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дар оянда саривақт ва мутобиқ ба талаботи сохтмонӣ пеш бурдани корҳои боқимонда дар НБО “Роғун” ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Дар идома Сарвари давлатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонӣ АСТ – 3-и НБО “Роғун” шинос шуданд.
Ин нақб аз сатҳи баҳр дар баландии 1043 метр воқеъ буда, дарозии он 387 метрро ташкил медиҳад. Корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ аз тарафи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён дорад.
Президент коргарону мутахассисон ва масъулини марбутаро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расонидани корҳо вазифадор намуданд.
Дар шохаи “А”-и нақби сохтмонии қабати 4-ум корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ дар ҳаҷми 128 401 метри мукааб ба анҷом расонида шудааст.
Ҳоло васлу насби анкерҳо, корҳои симентатсионӣ ва бетонхобонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ҷараён дорад.
Сарвари давлат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, нақши НБО “Роғун”-ро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, Президент ба ҳолати бинои дарвозаҳои садамавӣ — таъмирӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шуданд. Дар ин иншоот низ, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1099 метр ҷойгир буда, дарозии он 70 метр, паҳноиаш 18 метр ва баландиаш 22 метрро ташкил медиҳад, корҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” анҷом дода мешавад.
Вазифаи асосии иншоот ба танзим даровардани фаъолияти иншоот дар давраҳои зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи боздид аз НБО “Роғун” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира карда мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.
Вобаста ба талаботи лоиҳа баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобонидани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудааст аст, ки тавассути он гилхок бо андозаҳои 0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд.
Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. То сатҳи 1110 метр 3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонида мешавад. То ҳол дар кони мазкур зиёда аз 600 ҳазор метри мукааб гилхок коркард ва захира карда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар чоҳи мавҷшикани нақбҳои обпартои СТ-4, НLО1, ки дар минтақаи поёнии кони №17 ҷойгир аст, аз моҳи июли соли равон оғоз гардид.
Дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои СТ-4, HLO1 ва OVS1/2 корҳои хокбардорӣ бо дарназардошти корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ дар асоси лоиҳа зиёда аз 1,46 млн метри мукаабро ташкил медиҳад ва ҳоло дар ҳаҷми зиёда аз 700 ҳазор метри мукааб корҳо ба анҷом расидаанд.
Нишебиҳо бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешаванд. Дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ 304 ҳазору 890 метр анкерҳои АЖГ насб карда мешаванд. То имрӯз 30 ҳазор метр анкерҳои АЖГ насб карда шудааст.
Насби анкерҳои ПНА бошад, дар қитъаи мазкур 877 ҳазору 590 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ аз рӯи лоиҳа 139 ҳазору 54 метри мураббаъро дар бар мегирад ва то имрӯз 25 ҳазору 365 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошида шудааст.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои сохтмони НБО “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 5,8 ҳазор нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 адад техникаю механизмҳо ба кор сафарбар карда шудааст.
Президент аз фаъолияти назарраси коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захирасозии гилхок, ки дар ядрои сарбанд истифода мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳо ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Тибқи дастури Сарвари давлат, ҷиҳати тақвияти корҳои бунёдӣ дар НБО “Роғун” ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” техника ва механизмҳои муосирро барои сохтмон ворид намудааст, ки беш аз 100 адади онҳо дар ҳамин ҷо муаррифӣ карда шуданд.
Дар идома Президент дар НБО “Роғун” ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”-ро ба истифода супориданд, ки барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо кормандону мутахассисони Ҷамъият суҳбат намуда, бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили ошхонаи замонавиро дар раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, рӯзи 9 август Президент бо раванди корҳои бунёдӣ дар нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L шинос шуданд.
Нақби мазкур ба иншооти ЛОТ-и 2 мансуб буда, корҳои сохтмониро пудратчӣ ширкати “Вибилд” ба зимма дорад. Ин нақб аз иншооти асосии НБО “Роғун” ба ҳисоб меравад. Дарозии нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L 234 метр буда, аз сатҳи 1002 метр то 975 метр мавзеъ мегирад ва бо нақби сементатсионии G-1C, ки аз зери ядрои сарбанд мегузарад, пайваст мешавад.
Тибқи лоиҳа, нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L аз 790 адад чоҳ иборат аст. Ҳоло дар ин нақб марҳилаи охирини корҳо идома дошта, аз шумораи умумии чоҳҳо 680 адад парма ва сементатсия карда шудааст. Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи нақб аз ҷониби ширкати “Треви” ва зерпудратчии ширкати “Вибилд” иҷро мегарданд.
Нақби сементатсионӣ ва заҳкашии G1L нақби муқимии неругоҳ маҳсуб гардида, барои иҷрои корҳои сементатсияи пардаи оббанд ва заҳкашӣ хизмат мерасонад.
Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмон дар нақби мазкур Президент аз сохтмончиён вусъат бахшидан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳоро талаб намуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин шоҳкории азим барои садсолаҳост. Бояд ба сифати корҳои сохтмон, истифодаи масолеҳи баландсифат ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар идома Президент бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии НБО “Роғун” шинос шуданд, ки аз ҷумлаи иншооти муҳими неругоҳ ба шумор меравад.
Гуфта шуд, дар ин қитъаи неругоҳ барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосӣ 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, то ҳол 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва кӯбидашуда хобонида шудааст. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метр ва баландии он 23 метр аст.
Дар таҳкурсии ядрои сарбанд барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 2615 чоҳ парма ва сементатсия карда шудааст. Дар умум, дар ин мавзеъ 3014 адад чунин чоҳҳо ташкил карда шуда, ҳоло дар ин самт 87 дарсади корҳо иҷро шудаанд.
Дар таҳкурсии ядрои сарбанд бо дарозии 350 метр галереяҳои сементатсионӣ, мушоҳидавӣ, заҳкашӣ ва дастрасӣ мавҷуд мебошад, ки корҳо аллакай дар 300 метр иҷро гардидаанд.
Ҳамчунин, дар қисмати болоии таҳкурсии ядрои сарбанд маводи зиддиполоишии асфалт бо паҳноии 1,2 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.
Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Маводи истифодашуда дар ядрои сарбанди асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар иншооти мазкур корҳои сохтмону васлгариро мутахассисону коргарони ширкати “Вибилд”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва “Тревӣ” аз рӯи лоиҳаи “Грунер” пеш мебаранд.
Хобонидани маводҳо дар қисмати болоии сарбанд то имрӯз ба 1140 метр аз сатҳи баҳр расидааст.
Аз ҳаҷми умумии 80 миллион метри мукааб сангу шағали пешбинигардида барои сарбанд то имрӯз ба андозаи 19 миллион метри мукааб мавод дар қабатҳои болоию поёнӣ хобонида шудааст, ки 23 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, корҳои заминӣ 5,5 миллион метри мукааб, хобонидани сангу шағал 16,2 миллион метри мукааб, хобонидани санг 2,4 миллион метри мукааб ва хобонидани филтр 211,2 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1 ҳазору 290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Ҳамчунин, Президент бо лоиҳаи корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи нишебии обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун” аз сатҳи 1152 метр то 1565 метр шинос шуданд.
Бо мақсади мустаҳкамсозии нишебии обқабулкунакҳои доимӣ корҳои сохтмониву анкергузорӣ дар чор мавзеъ, аз ҷумла “А”, “В”, “С” ва “D” идома дорад.
Корҳои таркишию хокӣ ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “А” аз сатҳи 1504 то 1300 метр пурра иҷро гардида, насби лангарҳо (АЖГ) 65 фоизро ташкил медиҳад.
Дар минтақаи “В” аз сатҳи 1300 то 1152 метр корҳои таркишию хокӣ 83,5 фоиз, насби лангарҳо (АЖГ) 36 фоиз ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 41,6 фоиз ба анҷом расидааст.
Дар асоси лоиҳа корҳои таркишию хокӣ пурра ба итмом расида, насби лангарҳо (АЖГ) 53,8 фоиз, лангарҳои фишордор (ПНА) 51,4 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ дар минтақаи “С” аз сатҳи 1400 то 1150 метр 92,5 фоиз иҷро гардида, корҳои бетонӣ идома доранд.
Дар минтақаи “D” корҳои таркишӣ ва хокӣ 90,3 фоиз, пошидани маҳлулҳои бетонӣ 21,2 фоиз иҷро гардида, корҳои васлу насби лангари “АЖГ” иҷро шуда истодааст.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии анҷомшуда ва лоиҳаи нишебии обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун” ба масъулон барои иҷрои босифати ҳадафҳо тибқи талаботи муқарраршуда дастуру супоришҳо доданд.
Ҳамчунин, рӯзи 9 август Президент дар НБО “Роғун” бо рафти корҳои васлу насби марҳилаи 3-юми хати конвеерӣ дар дохили нақби КТ-9 шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии умумии хати конвеерӣ дар марҳилаи сеюм 7 ҳазору 500 метрро ташкил намуда, аз он 2 ҳазору 95 метр аз дохили нақб мегузарад.
Айни замон васлу насби хати конвеерии Т-1, Т-2 дар дохили нақб ба масофаи 1 ҳазору 700 метр ба анҷом расонида, дар қисматҳои боқимонда корҳои оҳану бетонӣ идома дорад.
Дарозии умумии хатҳои конвеерӣ 11 километр буда, дар марҳилаҳои 1 ва 2 — юми он корҳои сохтмонӣ ба масофаи 4 ҳазору 795 метр анҷом дода шудаст.
Хатҳои конвеерӣ махсус барои кашонидани сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои сохтмони сарбанди НБО “Роғун” сохта, барои таъмини мунтазами корҳои бунёдӣ дар биефи поёнии сарбанд мусоидат менамояд.
Тариқи хатҳои конвеерӣ дар 1 соат 6 ҳазор тонна сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ интиқол дода мешавад. Барои чунин миқдор масолеҳи сохтмониро тариқи мошинҳои гаронвазн интиқол додан 2 соат зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ки интиқоли масолеҳи сохтмонии сангу шағал тариқи хатҳои конвеерӣ бехатар ва босуръат буда, ҳамзамон дар самти сарфаи вақт, маводи сӯзишворӣ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани техникаву механизми гаронвазни борбардор ва суръати корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО “Роғун” мусоидат менамояд.
Президент зимни шиносоӣ бо рафти корҳои васлу насби хатҳои конвеерӣ ба мутахассисону сохтмончиён дастур доданд, ки корҳои боқимонда ҳарчи зудтар ва бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда шаванд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта Сарвари давлат дар НБО “Роғун” аз корхонаи сангу шағалбарории ширкати “Вибилд” боздид намуданд.
Корхонаи мазкур аз 3 хати истеҳсолӣ иборат буда, дар як соат ба миқдори 3000 тонна масолеҳи андозаашон 0-300, 150-40 ва 0-40 миллиметр истеҳсол менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур шуруъ аз моҳи марти соли 2023 ин ҷониб истеҳсоли маводи полоишии андозаашон 0-10, 0-40 ва 5-40 миллиметр ба роҳ монда шудааст, ки дар қисмҳои поёнӣ ва болоии ядрои сарбанди асосии Неругоҳ истифода мегарданд.
Дар идома Президент дар майдони назоратии иншооти обқабулкунакҳои доимии НБО “Роғун”, ки дар сатҳи 1300 метр аз сатҳи баҳр бунёд мешавад, аз раванди корҳои сохтмонию васлгарӣ ва бетонхобонию насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳ шинос шуданд.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ тариқи ҳамин иншоот агрегатҳои неругоҳ бо об таъмин гардида, барқ истеҳсол мекунад. Обқабулкунакҳои доимӣ аз нигоҳи муҳандисӣ аз қисматҳои мураккаби сохтмони неругоҳ ба шумор меравад. Қутри обқабулкунакҳо 13,4 метрро ташкил медиҳад.
Мувофиқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар ин иншоот 5,9 миллион метри мукаабро дар бар мегирад. Ба гуфтаи масъулин, корҳои то ба имрӯз анҷомёфта 80-90 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Насби лангарҳои АЖГ аз 472 ҳазору 230 метри лоиҳавӣ ба андозаи 68 ҳазору 586 метр иҷро гардида, гузоштани лангарҳои ПНА бошад, аз 125 ҳазору 186 метри лоиҳавӣ ба миқдори 81 ҳазору 137 метр иҷро шудааст.
Иншооти обқабулкунакҳои доимӣ аз 6 шахта иборат буда, корҳои сохтмону нақбканӣ ва бетонрезию насби лангарҳо бо ҷалби коргарону мутахассисони ҶСП “Заводи таҷрибавӣ — механикӣ”-и шаҳри Норак пеш бурда мешавад. Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 ҳазору 552 метр идома дорад.
Корҳои нақбканӣ, бетонхобонӣ, пармакунӣ, хокпартоӣ ва насби лангарҳо дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои аз 1 то 6-и неругоҳ дар ду баст ҷараён дошта, то имрӯз дар ҳаҷми 64,1 ҳазор метри мукааб корҳои ҳаффорӣ иҷро шудаанд, аз ҷумла дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №1 дар ҳаҷми 11 ҳазору 600 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №2 дар ҳаҷми 12 ҳазор метри мукааб, дар агрегати №3 дар ҳаҷми 17 ҳазор метри мукааб, дар агрегати №4 дар ҳаҷми 16 ҳазор метри мукааб корҳои канданӣ иҷро шудааст. Дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №5 ва 6 бошад, корҳои нақбканӣ ҷараён дорад ва мутаносибан дар чуқурии 40 ва 12 метр дар ҳаҷми 5 ҳазору 800 метри мукааб ва 1 ҳазору 700 метри мукааб иҷро гардидааст.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1,2 ва 5,6 аз сатҳи 1300 метр то 1178 метр мавқеият дорад ва баландии ҳар кадом тибқи лоиҳа 122 метрро ташкил медиҳад. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр мавқеият доранд. Тибқи лоиҳа, баландии ин ду шахта ба 140 метр баробар аст.
Айни замон корҳои нақбканӣ, пошидани маҳлули бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанӣ, насбу васли лангарҳо, сементатсия, бетонхобонӣ дар шахтаҳои мазкур ҷараён доранд.
Президент зимни боздид бо масъулону бунёдгарони иншоот суҳбатҳо анҷом дода, бунёди ин иншооти асрро саҳифаи нав дар таърихи миллати тоҷик номиданд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.
Баъди боздид аз ҷараёни корҳо дар шахтаҳои дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимӣ Президент аз нуқтаи назоратии нақби нақлиётии Т-9 ба раванди корҳои ядрои сарбанд дар сатҳи 1034 метр ва сарбанди сатҳи 1140 метр таваҷҷӯҳ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки баландии лоиҳавии сарбанди асосии НБО “Роғун” 335 метр буда, дарозии шонаи сарбанд 670 метр аст. Сатҳи болоии нигоҳдории об 1290 метр аз сатҳи баҳр, ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукаабро дар бар мегирад. Масоҳати обанбор 170 километри мураббаъ ва ҳаҷми он дар сатҳи 1290 метр 13,3 миллион метри мукаабро ташкил менамояд. НБО “Роғун” бо тавлиди 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқии обӣ маҳсуб мешавад.
Президент зимни боздид аз раванди корҳои бунёдӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар иртибот ба ин масъулинро муваззаф намуданд, ки барои сари вақт бунёду иҷрои корҳои созандагӣ дар ин “Кохи нур” пурмасъул бошанд ва барои амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми муносиби худро гузоранд.
Президент дар идомаи боздид ба майдончаи назоратии “Сойи оби шӯр”-и НБО “Роғун” ташриф оварда, бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар қисмати ҳавоии хатти конвейерӣ шинос шуданд.
Ин қисмати хатти конвейерӣ дар ҳолати баланд бардоштани сатҳи об барои интиқолу захира намудани маводи шағал аз қисматҳои болоӣ ба поёнии сарбанд хизмат мекунад. Қисмати ҳавоии иншооти мазкур аз болои “Сойи оби шӯр” гузашта, дарозии хатти конвейерӣ дар ин қитъа 640 метрро ташкил медиҳад. Дар соҳили чап ва рости хатти мазкур бетонхобонии таҳкурсиҳои он пурра анҷом ёфта, боқимондаи корҳо идома доранд.
Дар ҳамин мавзеъ Президент ҳамчунин аз Майдончаи сохтмонии №5 боздид намуданд. Дар ин қитъаи сохтмонӣ қубурҳои обкаши шахтаҳои обқабулкунакҳои доимӣ омода карда мешаванд.
Айни ҳол дар ин қитъа корҳои кафшергариву омодасозии қубурҳо бо қутри 7 метр, ки ҳар кадоми он то 48 тонна вазн дорад, идома дошта, онҳо барои истифода дар обқабулкунаки агрегати №4 пешбинӣ шудаанд.
Президент зимни шиносоӣ таъкид карданд, ки пеш аз ҳама масъулин бояд ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, рӯзи 9 август Сарвари давлат дар НБО “Роғун” бо рафти корҳои сохтмонӣ дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ шинос шуданд.
Камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Иншоот бо дарозии 156,35, паҳноии 18,4 ва баландии 21,2 метр барои корҳои нақбканӣ, васлу насби оҳанфузулот ва мустаҳкамкунии шахтаҳои обрасони агрегатҳои №1,2,3,4,5 ва 6 пешбинӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар камераи васлгарии обқабулкунаки доимӣ иҷроиши корҳои нақбканӣ дар ҳаҷми 55 225 метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳаҷми корҳои бетонхобонӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа ба 9 233 метри мукааб баробар буда, то ҳол дар ҳаҷми 2 898 метри мукааб иҷро гардидааст.
Корҳо дар шахтаҳои обрасони агрегатҳои Неругоҳ низ аз рӯи нақша идома доранд. Ба таъкиди Президент, дастрасӣ ба техникаву механизми зарурии соҳавӣ, таъмини ҳамешагии масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва мавҷуд будани шароити хуби корӣ барои сохтмончиён имкон фароҳам меорад, ки корҳои бунёдӣ дар иншооти стратегии ҷумҳурӣ – НБО “Роғун” дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида саривақт ба иҷро расонида шаванд.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Президент аввалин қисми оҳанфулузоти зонуи поёнии қубури обрасон дар шахтаи турбинаи агрегати №4, ки 5,4 метр баландӣ дорад, гузошта шуд.
Сипас, ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар шахтаи қубурҳои обрасони трубинаи агрегатҳои №1, 2, 3, 4, 5 ва 6 муаррифӣ гардид.
Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегатҳои №1 ва №2 206 метр, №3 ва №4 186, №5 ва №6 152 метрро ташкил медиҳад. Қутри ҳар як шахта ба 8,7 метр баробар аст. Нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар шахтаҳои агрегатҳои №3,4,5 ва 6 пурра ба анҷом расонида, корҳои сементатсионӣ идома доранд. Чунин корҳо дар шахтаи агрегати №1 ба андозаи 102,6 метр ва дар шахтаи агрегати №2, 108 метр анҷом дода шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои анҷомëфта дар шахтаи агрегатҳои №1 ва №2 12 636 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Президент фаъолияти коргарону мутахассисонро дар ин қитъаи сохтмони НБО “Роғун” назаррас арзëбӣ карда, аз масъулон вусъат бахшидани корҳои созандагиро бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ талаб намуданд.
Дар идомаи боздид Сарвари давлат ба майдончаи назоратии болои “Бинои технологӣ”-и НБО “Роғун” ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар қисми поёнии сарбанд шинос гардиданд.
Гуфта шуд, то ҳол хобонидани маводи сангу шағал дар қисми болоии сарбанд то сатҳи 1140 метр иҷро гардида, дар ҳаҷми 13 миллион метри мукааб мавод хобонида шудааст.
Ҳамин гуна, кор дар қисми поёнии сарбанд низ идома дошта, хобонидани сангу шағал дар сатҳи 1083 метр ҷараён дорад. Дар қисми поёнии сарбанд ба андозаи 6 миллион метри мукааб мавод аз анборҳои захиравӣ кашонидаву хобонида шудааст. Дар маҷмуъ, дар қисматҳои болоӣ ва поёнии сарбанд ҳудуди 19 миллион метри мукааб мавод хобонида ва мустаҳкам карда шудааст.
Тозакунии паҳлуҳои куҳҳо дар қисмати ядрои сарбанд аз сатҳи 1300 метр то 990 метр қисман ва аз сатҳи 990 метр то сатҳи 960 метр пурра иҷро гардидааст. То ба имрӯз дар ҳаҷми зиёда аз 2,7 миллион метри мукааб корҳои хокбардорӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Президент зимни боздид ба масъулин барои иҷрои саривақтиву босифати корҳо дастуру маслиҳатҳо дода, мутахассисонро вазифадор намуданд, ки назорати сифати ҳар қабати биефи поёнии сарбандро ҷиддиву ҳамаҷониба ба роҳ монанд, то иншооти мазкур дар доираи меъёру талаботи байналмилалии соҳавӣ бунёд карда шавад.