Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, технология ва маориф густариш медиҳанд

Shared to Facebook

Имрӯз, 16 сентябр, дар Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид. Дар мулоқоти сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба ҷониби Корея барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” изҳори сипос намудаанд.

Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шудааст.

Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардидааст.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, байни Тоҷикистон ва Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.

Таъкид гардидааст, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.

Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Корея ба Тоҷикистон зарур шумурда шудааст.

Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, ба фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баҳрабардорӣ аз Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ (EDCF) дар густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шудааст.

Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар Сеул дар моҳи август ва муаррифии имконоти сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шудааст.

Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистаанд.

Дар ин зимн пешниҳод гардидааст, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим байни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.

Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея — “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ будааст.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шудаанд.

Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Корея Ли Ҷе Мён даъват намудаанд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 16.09.2026