Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Сарвазири Корея

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея бо Сарвазири ин кишвар хонум Ҳан Сон Сук мулоқот кардаанд.

Президенти кишвар дар мулоқот изҳор доштаанд, ки мо рушду густариши робитаҳо бо Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ медонем.

Ҷонибҳо рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои гуногунҷанбаро муҳокима карда, барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIKA) дар Тоҷикистон ва рушди ҳамкорӣ дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро муҳим номидаанд.

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва бештар фаъол гардонидани кори абзорҳои дуҷониба, бахусус Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шудааст. 

Бо мақсади тавсеаи робитаҳо, ҳамчунин, пешниҳод гардидааст, ки  Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба ҳамкории саноатӣ ва сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, бонкдорӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод изҳори алоқамандӣ карда шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи тавсеи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон гуфтугӯ кардаанд.

Ривоҷ додани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва сода гардондани ин раванд низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ, ба хусус Созмони Милали Муттаҳид ва атрофи мавзуъҳои алоҳидаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ҷараён гирифтааст.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея хонум Ҳан Сон Сук 16.09.2026