Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод

Shared to Facebook

31 август Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи “Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод”-ро қабул кард. Тибқи муқаррароти қатънома, аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, қабули қатъномаи мазкур идомаи талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав мебошад. Ташаббуси мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблии Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” мебошад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, интихоби 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ аҳамияти таърихӣ дорад, зеро 31 августи соли 1955 “Лоиҳаи тобистонаи таҳқиқотии Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ” (The Dartmouth Summer Research Project on Artificial Intelligence) пешниҳод гардид, ки ба ҳайси яке аз ташаббусҳои муҳими илмӣ дар ташаккули зеҳни сунъӣ ҳамчун соҳаи мустақили таҳқиқотӣ ва пайдоиши истилоҳи “зеҳни сунъӣ” маъруф аст.

Эълон гардидани Рӯзи байналмилалӣ заминаи ҷаҳонии мунтазамро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои рушд, татбиқ ва мудирияти зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешрафта дар ин самт фароҳам меорад.

Дар қатънома аз ниҳодҳо, барномаҳо ва фондҳои СММ, аз ҷумла Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, Дафтари СММ оид ба технологияҳои рақамӣ ва зуҳуркунанда, Бонки технологии СММ барои кишварҳои камтараққӣ ва ЮНЕСКО ҷиҳати мусоидат ба кишварҳои узв дар таҳияи барномаҳои тақвияти иқтидори марбут ба зеҳни сунъӣ ва таҷлили солонаи Рӯзи байналмилалӣ даъват ба амал оварда шудааст.

Қабули қатънома саҳми боризи Тоҷикистон дар ташаккули муколамаи ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ буда, уҳдадории кишварро дар пешбурди ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати инкишоф ва истифодаи зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувор ва тамоми инсоният тасдиқ менамояд.