Имрӯз, 1 сентябр, дар Бишкек – пойтахти Қирғизистон таҳти унвони “25 соли Созмони ҳамкории Шанхай: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак” ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Президенти Тоҷикистон ҳам иштирок ва суханронӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа гуфтаанд, Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи “Панҷгонаи Шанхай” ва Созмони ҳамкории Шанхай, иштирокдори фаъол дар таҳаввули онҳо, бунёдгузории созмон ва таҳкими обурӯи байналмилалии он буду ҳаст.
Сарвари давлати мо аз шиддат гирифтани зиддиятҳои геополитикӣ ва низоъҳои минтақавӣ, афзоиши таҳдидҳои терроризм, экстремизм, радикализм ва дигар мушкилоти кунунӣ ёдовар шуда, таъкид доштаанд, ки таъмини амният дар ин авзоъ корбурдҳои бештар муассирро тақозо менамояд.
“Дар фурсатҳои наздиктарин фаъол гардондани кори Маркази зидди маводи нашъадор ва Маркази универсиалии мубориза бо хатару таҳдидҳои амниятӣ метавонад аз ҷумлаи табдирҳои муштараки муассир дар ин самт бошад”, — изҳор доштаанд Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат бори дигар зарурати бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ҳал намудани ҳамаи низоъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар Ховари Миёна ва атрофи Ҷумҳурии Исломии Эронро таъкид намудаанд.
Президент алоқамандии устувори Тоҷикистонро ба пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот таъкид дошта, ба сарони давлатҳои шарик барои дастгирии ташаббуси кишвари мо дар эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда” арзи сипос намудаанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи созмонро аз авлавиятҳои дигар номида, зарур донистаанд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёту транзит ва кишоварзӣ такони бештар дода шавад.
Гуфта шудааст, ки густариши иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва технологияҳои баланд, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ба рушди дарозмуддат мусоид мекунад.
Бо дарназардошти танишҳо дар бозорҳои энергетикии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, даъват карда шудааст, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар соҳаи энергетикаи анъанавӣ ва пешбурди лоиҳаҳои гузариш ба неруи “сабз” тақвият дода шавад.
Пешниҳод гардидааст, ки таъсиси минтақаҳои рушди иқтисодӣ ва Платформаи минтақавии рақамии агроэкологӣ дар минтақаи СҲШ омӯхта шавад.
Аз пешрафт дар таъсиси Бонки рушди СҲШ истиқбол карда шудааст.
Президенти Тоҷикистон ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии вайроншавии замин ва таъмини амнияти экологиро дар шароити имрӯза аз ҳадафҳои стратегии рушди устувор номидаанд.
Сарвари давлат изҳори умед намудаанд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самтҳо минбаъд низ мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин Покистонро барои қабули раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай таҳният гуфта, ҷонибдории худро аз иқдоми эълони шаҳри Лоҳур чун пойтахти сайёҳӣ ва фарҳангии Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2026-2027 изҳор намудаанд.





