Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 31 август, дар Бишкек дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои СҲШ бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кардаанд. Дар мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷониба, ҳамчунин, робитаҳои дуҷониба дар чаҳорчуби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид кардаанд, ки робитаҳои мардумони ду кишвар решаҳои куҳани таърихӣ ва тамаддуниву фарҳангӣ доранд.
Ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетиĸа, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.
Рушди ҳамĸории фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.
Вазъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон бо тамаркуз ба роҳҳои ҳалли сиёсии низоъҳои минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду ҷониб қарор доштааст.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифтааст.





