Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кардаанд.
Нахуст Эмомалӣ Раҳмон Никол Пашиниянро барои аз нав таъйин гардидан ба мансаби Сарвазири Арманистон табрик намуда, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Арманистон таъкид доштаанд:
“Мо барои талошҳои минбаъдаи муштарак баҳри ғанӣ гардонидани муносибатҳои байни кишварҳоямон бо муҳтавои нави амалӣ омодаем”, — гуфтаанд Президенти Тоҷикистон.
Гуфта шудааст, муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Арманистон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, барои рушди бемайлони онҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар таъмини рушди савдои дуҷониба, робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили форумҳои тиҷоратӣ зарур шумурда шудааст.
Дар ин робита зарурати баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таъкид гардидааст.
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои бисёрҷониба низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат будааст.





