Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаи саноат ҳамкориҳои навро ба роҳ мемонанд

Shared to Facebook

Дар шаҳри Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд. Санад дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати “C5+1” ба имзо расида, ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона шудааст.

Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва технологияҳои навро фаро мегирад. Ҳуҷҷат табодули таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои мустақим байни корхонаҳои саноатии ду кишварро пешбинӣ менамояд.

Дар ин замина, зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири савдо, саноат ва захираҳои Кореяи Ҷанубӣ Ким Ҷонг Кван масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ ва рушди саноат баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи технологияҳои муосир дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳоро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ҳамзамон, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар қолаби “C5+1” намояндагони Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминотро имзо карданд.

Ин санад рушди инфрасохтори саноатӣ, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар самти маъданҳои муҳим, ҷорӣ намудани технологияҳои истеҳсолоти ҳушманд ва зеҳни сунъӣ, инчунин омода кардани кадрҳои техникӣ ва муҳандисиро дар бар мегирад.

Дар анҷоми мулоқот Шералӣ Кабир Вазири савдо, саноат ва захираҳои Кореяи Ҷанубиро барои иштирок дар сеюмин Форуми байналмилалии саноати кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват кардааст.