Сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 15 сентябр барои анҷоми боздиди расмӣ ва иштирок дар нахустин Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” ба Корея сафар карданд.

Ба иттилоъ хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар ин сафар Президентро Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори агентии содирот, сардорони хадамотҳои гумрук ва назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президенти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Сеул намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Корея истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашида, майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта буд, хабар медиҳад манбаъ.

Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея 15.09.2026