Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ

Shared to Facebook Shared to Max

21 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе мулоқот намуд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо Марказро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба муқовимат ба таҳдиду хатарҳои муосир, таъмини рушди устувор ва густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист ва иқлим мубодилаи афкор намуданд.

➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон