Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар қароргоҳи СММ

Shared to Facebook Shared to Max

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷаласае бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино баргузор гардид, иттилоъ додааст ФФТ.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат намояндагӣ кард.

Дар ҷараёни суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат таъкид намуд, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад, ки ҳар сол 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Зикр гардид, ки футбол имрӯз ҳамчун воситаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ байни халқҳо, махсусан дар байни ҷавонон хизмат мекунад.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино иштирокчиён ва мухлисони футболро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, нақши муҳими ин намуди варзишро дар муттаҳидсозии мардум сарфи назар аз миллат, фарҳанг ва забон таъкид намуд. Ӯ ҳамчунин дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди минбаъдаи футбол дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон равона гардидаанд, пуштибонӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ Президенти ФИФА бо намояндагони Тоҷикистон самимона суҳбат намуда, бо онҳо ивази пироҳан кард ва бо ин роҳ эҳтиром ва муҳаббати самимии худро нисбат ба мухлисони футболи Тоҷикистон изҳор намуд.

➡️Федератсияи футболи Тоҷикистон