Путин гуфт, чаро мухолифи вуруди фирориёни афғон ба Осиёи Марказӣ аст

Shared to Facebook

Президенти Русия Владимир Путин ин пешниҳоди кишварҳои ғарбиро, ки гурезаҳои афғон дар замони баррасии дархости раводиди онҳо ба ИМА ва дигар кишварҳо дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир карда шаванд, интиқод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Афғонистон “мустақиман бо амнияти Русия алоқаманд аст”.

Путин рӯзи якшанбе дар мулоқот бо намояндагони ҳизби “Русияи воҳид” гуфт:

“Шарикони ғарбиямон пайваста ин масъаларо матраҳ мекунанд, ки то замони гирифтани раводиди ИМА ё кишварҳои дигар фирориёни афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир карда шаванд. Яъне, ба ин кишварҳо, ба ҳамсояҳои мо, бидуни раводид фиристодан мумкин асту ба худашон бе раводид бурдан намехоҳанд? Ин чӣ гуна муносибати таҳқиромез ба ҳалли ин масъала аст”.

Вай афзуд, ин масъала дар нишасти сарони СААД ва дигар минбарҳо баррасӣ мешавад ва Русия бо шарикон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пайваста дар тамос аст.

“Онҳо ба ин ё он васила шарикон ва иттифоқчиёни наздиктарини мо ҳастанд. Мо бо онҳо марзҳои муштарак дорем, аммо ҳеҷ гуна маҳдудияти раводид вуҷуд надорад. Тасаввур кунед: гурезаҳо ба яке аз ин кишварҳо ворид шуданд, дар байни ин фирориҳо киҳо ҳастанд, мо аз куҷо медонем? Онҳо шояд ҳазорҳо бошанд, шояд сад ҳазор ва шояд ҳатто миллион бошанд. Ва мо бо ин иттифоқчиёни наздиктарин ҳатто ягон маҳдудияти раводидӣ надорем. Аммо чӣ гуна сарҳад? Ҳазорҳо километр! Ба ҳар чизе ки рост омад, мошин бошад, ё хар бошад, нишасту аз баландӣ гузашт. Ва мо бо ин чӣ кор мекунем?” – масъалагузорӣ кард ӯ.