Ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 24-уми август боқӣ мемонад

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм то 24 август боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли омадани сел ва дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ резиши санг вуҷуд дорад.

Вобаста ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хостааст, ки эҳтиёт кунанд:

“Бахусус, ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд”, — таъкид шудааст дар иттилоияи КҲФ.

Ҳамчунин, дархост шудааст, ки сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар ин рӯзҳо сокинонро зарур аст селроҳаҳо ва ҷӯву каналҳо тоза намоянд.