Рӯзи шанбе, 4 сентябр, бахши матбуотии Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер аз сангарҳои набард дар ин вилоят омори расмиро нашр кард, ки яке аз охирин маълумоти дақиқ арзбӣ мешавад.
Дар ин маълумотнома, ки воқеияти он тасдиқ шуд, аз ҷумла, ғасби Панҷшер аз сӯйи ҳаракати радикалии “Толибон”-и Покистон рад карда шудааст:
“Қисме, ки шумо шоҳид ҳастед, душмани маккор ва ҷаҳл бо истифода аз тактикҳо ва плонҳои шуми худ ҷанги равониро аз чандин рӯз ба ин сӯи болои Панҷшер анҷом медод, ки дирӯз низ бо истифода аз тактики худ дар Фейсбук ин тавр ҷилва доданд, ки гӯё Панҷшерро суқут доданд. Ин хабарро комилан рад карда ва ба миллати ғаюру бо ифтихори Афғонистон мегӯем, ки неруҳои муқовимат ба раҳбарии омир-соҳиб Аҳмади Масъуд плонҳои шуми душманро хунсо кардааст. Дар ҳамалоти шабона, ки нируҳои муқовамати миллии шумо болои гурӯҳи ҷаҳл дар манотиқи Шутул, Ховок, Париён анҷом доданд, душман шикасти қавӣ” хӯрд”, — хабар дод бахши матбуоти Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар пайи ин ҷангҳо 900 толиб асир афтода, 750 нафари дигар кушта ва ҳамчунин, 238 захмӣ шудаанд.
Зикр шудааст, ки ба теъдоди зиёд васоити душман, аз қабили 90 тонки Ҳомвии зиреҳӣ, 145 автомашина, 700 силоҳи “Калашников”, 142 силоҳи лазерии дурбини шаб, 50 пулемёти “Калашников”, 4 тӯп ва ҳазорон адад тир, муҳиммоти дигар аз қабили снарядҳои тӯпхона, мушакҳо ва дигар анвоъи тир ба дасти неруҳои муқовимат афтоданд:
“Ин дастовардҳо ва пирӯзиҳоро мадюни дуоҳои хайри мардуми ранҷдидаи Афғонистон ва талоши шуҷоъона ва ҷасуронаи нируҳои муқовимати миллии Афғонистон медонем. Ин ифтихори бузургро барои ҳама миллати Афғонистон табрик мегӯям. Иншоаллоҳ, пирӯзии ҳаққ бар ботил, равшанӣ бар торикӣ ва дифоъи муқаддас бар таҷовуз Аҳримани ҳатмӣ аст”, — омадааст дар ин изҳорот.
Аз ин қабл ҳамчунин хабар дода шуд, ки ҷангиёни ҳаракати терроистии “Толибон” аз қисмати ғарбии дара, тариқи Даҳанаи Панҷшер ва Дурбанди вилояти Кописо вориди дара шуда, то вулусволии Оноба, 20 – километрии шаҳраки Руха, наздик омада буданд:
“Дар ин ҷо онҳо ба камини нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии фармондеҳон Гулҳайдархон ва Баҳлул бархӯрданд ва ғофилгир шуданд. Онҳо дар муҳосира афтода, сардаргум шуданд, чун ҷуғрофиёро намедонистанд”, — гуфт манбаъ.
Тибқи иттилоъи манбаъи хабар, теъдоди кушташудагон аз миёни “Толибон” дар ин даргириҳо аз марзи 500 нафар гузашта, ҳудуди 100 нафар низ асир афтодаанд.
Талафоти ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат хеле кам арзёбӣ мешавад, ки аксарият захамҳои сабук бардоштаанд.
Фирори “Толибон” аз Панҷшер дар навори як сокини шаҳри Гулбаҳори вилояти Парвон сабт шудааст, ки бино ба он, корвони мошинҳои ҷангиёни толиб аз роҳи хуруҷии дараи Панҷшеру тариқи дарвозаи вурудии шаҳри Гулбаҳор ба самти Ҷабалуссироҷ ҳаракат доранд.